Он шаби сиёҳ
ЛЕНИН КИСТ?
Суҳбати нахустини муаллифи ин сатрҳо бо Нинел соли 1983, дар бинои Институти шарқшиносии АИ СССР, дар шаҳри Маскав баргузор гашта буд. Мулоқоти ман бо ӯ бо тавсияи академик Г. Ким –ҷонишини директори институт сурат гирифт. «Бо духтари Бобоҷон Ғафурович ҳамсуҳбат шавед»- гуфт ӯ. Албатта, дар тасаввури ман Нинел дигар буд. Ӯро бонуи навчақад дарёфтам. Суҳбати мо тӯлонӣ набуд. Баъдан, борҳо тавассути телефон бо ӯ суҳбат доштам. Борҳо мехостам пурсам, ки тӯли солҳои зиёд асрори духтари Бобоҷон Ғафуров будани ӯ зери парда монд. Вале истиҳола кардам. Ман боре ҳам Бобоҷон Ғафуровро надидаам. Он чӣ навиштам, филми мустанаде рӯи наворовардаам аз бойгониҳо, хотираҳо ва аснод аст. Аммо пас аз суҳбатҳои тӯлонӣ бо ҳамсари Бобоҷон Ғафуров Капиталина Александровна ин асрорро дарёфтам. Ӯ ба ҳар наздикии аллома Ғафуров бо дӯстон, наздикон, хешу табор бо рашк назар меандохт. Рашке, ки хоси аксари занҳост. «Шавҳарам моли танҳо худам», — ин аст фалсафаи занҳое, ки аз нӯги бинӣ дурро намебинанд. Нинел дучори ин мушкилот гашта буд, ӯ намехост, мушкилоте дар рӯзгори падар дар муносибат бо моиндар ворид кунад. Мулоқоташ бо падар берун аз чордевори хона сурат мегирифт. Солҳои охири умр фарзанди ягона Нинел таскини дили Бобоҷон Ғафуров буд. Модари Нинел кист ва чаро касе аз мавҷудияти ӯ хабаре надошт? Қисме аз дӯстон ва наздикони Бобоҷон Ғафуров аз мавҷудияти вай огаҳӣ доштанд. Аммо билети партиявӣ имкон намедод, ки ин сир ошкор гардад. Маълумоти мукаммал дар бораи модари Нинел, баъд аз марги Бобоҷон Ғафуров дар хотироти Нинел мардумӣ гашт. Модари Нинел Бесакаева Карима Ҳамидовна аслан аз нажоди кабардинҳост ва дар Кавказ ба дунё омадааст. Ӯ бо роҳи модараш Нурҷон меравад, ки корманди ҳизбӣ буд. Карима ба Адилов ном корманди ҳизбӣ аз Ӯзбекистон ба шавҳар мебарояд ва соли 1929 ба Тошканд мекӯчад. Аммо рӯзгор дар хонадони шавҳар ба Карима гарон меафтад, ӯро ҳамчун келини асил, ки дар мафҳуми он замон хонашин буд, қабул намекунанд. Хархашаи хонаводагӣ ӯро ба ҷудоӣ мебарад. Ӯ худро масруфи корҳои ҷамъиятӣ мекунад. Карима Ҳамидовна соли 1931 Рабфаки осиёмиёнагиро хатм мекунад ва дар шаҳри Тошканд ба фаъолияти ҳизбӣ мепардозад. Соли 1931 бо тавсияи Охунбобоев ба Маскав ба курси дусолаи Университети коммунистии меҳнаткашони Шарқ барои таҳсил сафарбар мешавад. Шиносоии ӯ бо Бобоҷон Ғафуров дар Маскав сурат мегирад. Карима Ҳамидовна онро соли 1933 хатм карда, дубора ба Ӯзбекистон бармегардад ва барои кор ба Марғелон сафарбар мегардад. Баъдтар ӯ ба Тошканд бармегардад ва дар идораи рӯзномаи «Правда востока» ба ҳайси инструктори шуъбаи мактубҳои колхозчиён ва баъдтар ба ҳайси мудири шуъбаи рӯзномаи «Комсомолец Узбекистана» кор мекунад. Соли 1938 Карима Ҳамидовна барои кор ба Тоҷикистон сафарбар мешавад. Мувофиқи баъзе маълумотҳо ӯ дар ноҳияи Қумсангир дар Кумитаи ҳизбии ноҳия ба сифати котиб ба кор оғоз мекунад. Нинел дар Тоҷикистон 23 апрели соли 1939 ба дунё меояд. Баъд аз таваллуд модараш зиндагӣ дар Тошкандро ихтиёр мекунад. Агар номи НИНЕЛ аз чап ба рост хонда шавад, чунин аст: «ЛЕНИН»
МУЛОҚОТ БО ШОҲ ФАЙСАЛ
«Аз ҳадафи ин сафар огоҳӣ надоштам,-мегӯяд ёвари академик Ғафуров Саид Хайтбуллаевич. Дар Кувайт моро намояндагони Сафорати СССР дар ин кишвар истиқбол гирифтанд. Баъд аз суҳбати на чандон тӯлонӣ бо сафир Бобоҷон Ғафурович изҳор намуданд, ки тасмими сафар ба Арабистони Саудӣ доранд. Сафир дар ҳайрат шуд ва гуфт: — Мо бо Арабистон Саудӣ муносибати дипломатӣ надорем, имкон надорад. -Дорад, — гуфтанд Бобоҷон Ғафурович, — маҳз ба он хотир ки муносибати дипломатӣ барқарор гардад. Сафир лаҳзае лол шуд ва чӣ гуфтанашро надонист. — Бо Маскав иртибот гиред, — гуфтанд он кас. Сафир ҳамон лаҳза, бо Вазорати корҳои хориҷии СССР иртибот гирифт ва ба касе ҳисобот дод, ки Бобоҷон Ғафуров дар дафтари кораш қарор доранд ва мехоҳанд ба Арабистони Саудӣ сафар кунанд. Намедонам аз он тараф чӣ гуфтанд, ки сафир гӯшаки телефонро гузошт. Тахминан баъд аз даҳ дақиқа занги телефон баланд шуд. Сафир телефонро бардошт ва мисли он ки токи электрикӣ зада бошад, парида аз ҷой хест. Пас аз сарҷунбонию нидоҳои тасдиқ гӯшакро ба Бобоҷон Ғафурович дод. — Салом, Андрей Андреевич, -гуфтанд Бобоҷон Ғафуров, — ва дақиқае чанд бо он шахс, баъдтар фаҳмидам, ки вазири корҳои хориҷии СССР Громыко будааст, суҳбат карданд. Сафир баъд аз лаҳзаи хомӯшӣ аз Бобоҷон Ғафуров пурсид: — Барои гирифтани раводид чӣ асос пешниҳод кунем? — Ҳеҷ, — гуфтанд Ғафуров. Шумо огоҳ кунед, ки ман меҳмони хосаи Шоҳ Файсал ҳастам. Сафир чунин ҳам кард. Рӯзи дигар мо аз фурудгоҳи Ал- Кувайт ба Ар-Риёз парвоз кардем. Дар фурудгоҳ моро намояндаи шоҳ пешвоз гирифт ва дар мошини махсусе, ки танҳо барои меҳмонони хосаи Шоҳ пешбинӣ шуда буд, моро ба меҳмонхона овард. Соате нагузашта ба мо хабар доданд, ки фардо соати 11 Шоҳ қабул мекунад. Дар вақти муқарраршуда мо ба қабулгоҳи Шоҳ омадем. Сафирон ва намояндагони кишварҳои дигар низ дар қабулгоҳ буданд. Чун навбати Бобоҷон Ғафуров расид, ба нафаре, ки баъди аз он кас қарор дошт, ишора карданд, ки дарояд. Ҳамин тавр, чанд нафари дигарро низ аз худ пеш гузарониданд. Баъдтар сабаби чунин рафтор карданашонро пурсидам. Гуфтанд, ки агар дар охир дароӣ, вақт барои суҳбат бештар мемонад. Мо охирин касоне будем, ки ба утоқи кории Шоҳ Файсал даромадем. Гирди миз вазирон нишаста буданд. Шоҳ Файсал ба истиқболи Бобоҷон Ғафуров аз ҷой хест. Суҳбат аз вақти муқарраргашта бештар кашол ёфт. Бобоҷон Ғафурович акси қадимаеро миёни ҳуҷҷатҳо берун кашида, ба Шоҳ нишон доданд. Ин акс аз сафари падари Шоҳ ба Русия буд. Миёни дар акс будагон писараки хурде ба Шоҳ нишон доданд ва гуфтанд, ки ман ҳастам. Суҳбат самимитар шуд. Шоҳ ба вазири фарҳанг ва дигар масъулин дастур дод, ки барои барқарор сохтани муносиботи фарҳангӣ бо СССР қарордод омода кунанд. Пас аз анҷоми суҳбат Шоҳ ба Бобоҷон Ғафуров пешниҳод кард, ки ҳаҷҷи умра кунанд. Бобоҷон Ғафуров пазируфтанд. Рӯзи дигар, баъди имзои созишнома мо ба тавофи Каъба рафтем. Ин сафари Бобоҷон Ғафуров замина барои барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо Арабистони Саудӣ гузошт. Аммо дарк кардам, ки ҳадафи Бобоҷон Ғафурович танҳо барқарор кардани муносибаҳои дипломатӣ бо Арабистони Саудӣ набуд. Вақтҳои охир саломатиашонро аз даст дода буданд, тез-тез бемор мешуданд, ҳаракаташон ҳам душвор гашта буд. Мо баъдтар фаҳмидем, ки он кас гирифтори бемории саратон ҳастанд. Гумон мекунам он кас аз марги худ огоҳ буданд ва ба ин хотир сафари Арабистони Саудӣ, ҳаҷҷи умра карданд.
ОН ШАБИ СИЁҲ
Мегӯянд, ки қабл аз марг огаҳӣ ба дили инсон меафтад. Бобоҷон Ғафуров гирифтори бемории саратон ва аз умрашон рӯзҳои башумор монданро медонистанд. Ба ин хотир, манзили охират хоки Ватанро интихоб намуданд. Ронандаи Бобоҷон Ғафуров ба ҳамкорон қисса мекунад, ки рӯзи охирин сафар ба Душанбе хеле барвақт аз хона баромаданд. Майдони Сурх меоянд ва оҳиста қад- қади девори Кремл қадам мезананд. Сипас, ба мошин савор шуда, Академияи илмҳо, назди пайкараи Пушкин, Театри Калон ва дигар ҷойҳои таърихӣ мераванд. Пас аз анҷоми сайр оҳи сабуке мекашанду савори мошин роҳ сӯи фурудгоҳ мегиранд. Ин видоъ бо шаҳре буд, ки 21 сол (1956-1977) муқими он буданд. Дар Душанбе хешу ақрабо, дӯстон, ҳамсафон Бобоҷон Ғафуровро интизор буданд. Дар беморхонаи ҳукуматӣ шумораи ба аёдат меомадагон бешумор буд. Мирзо Турсунзода ҳар рӯз дар канори дӯст, устод ва роҳнамояшон Бобоҷон Ғафуров буданд. «Як рӯз пеш аз марг ҳамроҳи Турсунзода дар даҳлез нишастем, -нақл мекунад хоҳари Бобоҷон Ғафуров Зебуннисо Ғафуровна. — Ба он кас ҳасрат кардам, ки ба мо аз падару модар дарди бад мерос мондааст. Падарам аз саратони гурда ҷон доданд. Модарам дар мусофирӣ аз саратони устухон даргузаштанд. Устухонҳояшон нармнарм шуда будаанд. Ҳар замон мегуфтанд, ки Москва бар, бародарат ба духтурони калон нишон диҳад. Бародарам гуфтанд, “биёр”. Бурдам, дар нимароҳ ҷон доданд. Бародарам дар сафари хориҷӣ буданд, бо самолёти махсус омаданд. Қариб буд, ки вақти фаромадан самолёт чаппа шавад. Як тобутамон ду тобут мешуд…». Аз хотироти Е.П.Челишев: «-4 июни соли 1977 аз конференсияи байналхалқӣ дар мавзӯи санскрит нав аз Париж баргашта, нав мехостам ба дафтари кор дароям, ки ба қабулгоҳи Бобоҷон Ғафурович даъват карданд. Медонистам, ки ӯ дар Маскав нест. Ба ин хотир дар ҳайрат шудам. Дар қабулгоҳ чанд тан аз кормандони институт, аз ҷумла аз роҳбарият Г. Ф. Ким, О. К. Дрейер, И. С. Брагинский, Г. Н. Бондаревский, В. М. Сонтсев ва боз дигарон буданд. Ин сеанси навбатии мулоқоти телефонии Бобоҷон Ғафуров бо кормандоне буд, ки бо хоҳиши ӯ дар қабулгоҳ ҷамъ омада буданд. И. А. Скрил бо навбат моро назди телефон даъват мекард. Навбати ман расид. Аз телефон садои заифи Ғафуровро шунидам. Баъд аз ҳолпурсӣ аз натиҷаи конференсия пурсон шуданд. Ман кӯтоҳ нақл кардам ва хабар додам, ки аз Деҳлї мавод бахшида ба ҷашни 110- солагии Муҳаммад Иқбол ворид шудааст. Пурсидам: «Шояд ман ба Душанбе оям ва бо мавод шуморо шинос намоям». Дар ҷавоб: «Ба Душанбе омадан лозим нест, худам ба наздикӣ Маскав меоям», — гуфтанд. Лаҳзае хомӯшӣ ҳукмфармо шуд. Сипас Ғафуров гуфтанд: «Евгений Петрович, ба шумо тани сиҳат ва барори кор таманно дорам. Дуруди маро ба Елена Владимировна ва писаронатон расонед». Ботинан эҳсос кардам, ки суҳбат ба хотири видоъ аст. Баъд аз анҷоми мулоқоти телефонӣ лаҳзае ҳама моту маҳбут будем. Георгий Федорович Ким хомӯширо шикаст: «Ғафуров моро дар қабулгоҳ ҷамъ овард, ки бо ҳамаамон видоъ кунад». Бо сари хам ҳама берун рафтем. 12 июл Ғафуров бо ҳаёт падруд гуфт».
(Давом дорад)
Шариф ҲАМДАМПУР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ