Ингрида Шимоните: Он чӣ Путин анҷом медиҳад, ҷуз куштор чизи дигаре нест…

Карим Хон — додситони Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ дар Гаага гуфт, ки тафтишоти ҷиноятҳои эҳтимолии ҳарбӣ ва зиддиинсонӣ дар Украинаро оғоз мекунад.

Ҳуқуқшиноси бритониёӣ афзуд, ки ба гуруҳи худ дастур додааст, то имкони ҷамъоварии далелҳоро омӯзанд.

Чанде пеш Литва аз додгоҳи мазкур даъват карда буд, ки ҷиноятҳои эҳтимолии ҳарбии Русия ва Белорусро дар Украина тафтиш кунад. Сарвазири Литва Ингрида Шимоните гуфт: «Он чӣ Путин анҷом медиҳад, ҷуз куштор чизи дигаре нест. Умед дорам, ӯро дар Гаага хоҳем дид».

Президенти Украина Владимир Зеленский гуфта буд, ки кишвараш алайҳи Русия ба Додгоҳи байналмилалӣ даъво кардааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 24-уми феврал Русия ба Украина ҳамла кард. Киев ва кишварҳои ғарбӣ онро таҷовуз ба хоки Украина медонанд, аммо Маскав “амалиёти вижа” барои ғайринизомӣ кардани Украина.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *