Ҷони духтарамро харед!
Ман як модари зор имрӯз ба хотири фарзандам ба шумо муроҷиат карда истодаам, ки шояд ба мани бевазан ва духтари беморам ба хотири ризои Худованд дасти ёрӣ дароз мекунед.
Духтарам 20- сола аст, дар коллеҷи тиббӣ мехонад, вале дар сурати табобат накардан як умр дар бистари беморӣ мехкӯб шуда монданаш аниқ аст. Аслан мо бояд 20 сол пеш аз паси табобати ӯ мешудем, вале бо сабаби камбағалию бепулӣ гул барин духтарам ба ин ҳол расид. Вақте ки ӯ чаппа ба дунё омад, табибон гуфтанд, ки ҳарду пояш нуқсон дорад, фавран кӯдакро ҷарроҳӣ кардан лозим аст. Падараш бепулиро баҳона карда, даст афшонд, ки калон шавад, нағз шуда меравад. Мани сода ба суханони шавҳарам бовар карда, дигар чандон аҳамият надодам. Вақте ки кӯдак роҳгардон шуд, ҳарду пояш мелангид, аммо мо ҳанӯз ба умед будем, ки бо мурури вақт ҳамааш хуб мешавад. Дар ин миён гапамон гурехту ман аз шавҳарам ҷудо шуда, бехонаву дар ба дар гаштам. Медидам, ки духтарам ҳангоми роҳгардӣ азоб мекашад, вале пуле надоштам, ки фарзандамро табобат намоям. Ба назди кадом духтуре, ки наравам, ҷарроҳӣ кардан лозим, фалон қадар пул сарф мешавад мегуфтанд. Азбаски нони шиками фарзандонамро базӯр меёфтам, оҳи сард кашида, духтарамро гирифта навмед ба хона бармегаштам…
Ҳамин тавр духтарам мактаби миёнаро хатм карда ба коллеҷи тиббӣ дохил шуд. Донишаш хуб аст, аммо саломатиаш рӯз то рӯз бадтар шуда истодааст. Духтурҳо мегӯянд, ки агар ҷарроҳӣ накунед, тамоман аз пойи равон монда, дигар роҳ гашта наметавонад. Барои ҷарроҳии духтарам 22 ҳазор сомонӣ лозим аст. Ман модар ҳастам ва намехоҳам, ки гул барин духтарам маъюб шуда, як умр рӯйи ҷогаҳ хобад, аз ҳамин сабаб бо ашки шашқатор ба шумо, хонандагони азизи сомонаи «Тajikistantimes.com» муроҷиат карда истодаам. Ҳамватанони азиз, ман, як бевазани бе каси бе хонаю дар ва афтода ҳастам, ба ғайри шумо дигар ягон дастгиру мададгор надорам. Барои ризои Худованд ба мани камбағал кӯмак расонед, то духтарамро ҷарроҳӣ кунам. Дуо мекунам, ки Худованд ҷавоби некиҳоятонро баргардонад!
Муштарии 904-19-43-64, 906-00-25-85
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ