Ҷонибек дар Курӯд консерти хайриявӣ баргузор намуд.
Инак тӯли як ҳафтаи ахир сарояндаи радаи авали шоу- бизнеси точик Ҷонибек Муродов дар зодгоҳи падараш- сарояндаи ретрои тоҷик- Ҷӯрабек Муродов, деҳаи Курӯди ноҳияи Айнӣ қарор дорад. Ба гуфти манбаи Tajikistantimes.tj мақсади сафари Ҷонибек Муродов додани консерт барои ҳамшаҳриҳояш мебошад.
« Инак тӯли се руз аст, ки Ҷонибек дар гӯшаҳои гуногуни ин минтақаи дурдасти кишвар барои мардуми Курӯд консерти ройгон дода истодааст. Максади Ҷонибек аз он иборат аст, ки мардуми ин минтақаи аз марказ дурро бо навгониҳои санъат ошно намояд ва ба ин васила эшонро ба суруду мусиқии асил боз ҳам наздиктар созад».
Ин манбаи мо ҳамчунин афзуд, ки ҷаноби Муродов дар ин сафар хатнатуйи чанд питсарбачаҳои аз оилаи камбизоат бударо гузаронида, аз ҳисоби даромади ширкати оилавияшон «JM» ба ин кӯдакон ҳадяҳои тӯёна низ тақдим шуд».
Мавриди зикр аст, ки чунин ба роҳ мондани иқдомҳои хайрхоҳонаву нек аз ҷониби Ҷонибек Муродов аввалин маротиба набуда, мавсуф ҳар сол дар шаҳрҳои гуногуни Вилояти Суғд консертҳои хайриявӣ гузаронида, пули онро ба кӯдакони маъёбу бепарастдор ё ашхоси ниёзманд тақдим мекунад. Ҳамчунин мавсуф солее аз 1 то 3 нафар фарзандони болаёқати оилаҳои бесаробонро ба хориҷи кишвар, хусусан ба Амрико барои таҳсил мефиристад.
Аммо ин авалин консерти Ҷонибек Муродов дар зодгоҳи падарияш Курӯд мебошад ва ба гуфти шоҳидон ва сокинони Курӯд онҳо якумин бор «ба серӣ» Ҷонибекро дар ин минтақаи аз Душанбе дур мебинанд.
Бибии Муродгул ки синаш аз 75 болост мегӯяд, ки « аз ин пеш Ҷонибекро мо танҳо дар қартаҳо (дискҳо) медидем ва гӯш мекардем. ҳамеша фахр мекардем, ки аз Курӯди кӯҳистони мо додарамон Ҷӯрабек баромада, артисти халқии 15 давлати СССР шуд, имрӯз бошад писарашро ҳама мешиносанд. Ин фахри мо курӯдиҳост, ки фарзанди кӯҳистони мо шӯҳратёри олам аст».
Бар хе аз сокинони Курӯд то замони дар Курӯд консерт додани Ҷонибек ӯро ҳавобаланд мепиндоштанд, аммо баъди ин иқдом « Одами бад набудааст, баракс дилсофу даст кушод» гуфта монданд, дар сӯҳбат бо хабарнигори Tajikistantimes.tj.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ