Ҷонибек Муродов боз «Беҳтарин сарояндаи поп дар ҳудуди Осиёи Миёна» шуд!
Ширкати «Daf Entertainment», ки ҳамасола маросими «Daf BAMA Music Awards»- ро баргузор мекунад, имсол сарояндаи радаи авали попи тоҷик- Ҷонибек Муродовро «Беҳтарин овозхони поп дар Осиёи Миёна» эълон дошт.
Имсол низ аз Тоҷикистон дар маросими ҷоизасупории «Daf BAMA Music Awards» сарояндаҳои машҳури тоҷик иштирок доштанд ва Тоҷикистонро дар маросими тақдими ҷоизаҳои «Daf BAMA Music Awards 2016» Ҷонибек Муродов Валиҷон Азизов, Шабнами Сурайё ва Меҳрнигори Рустам намояндагӣ карданд. Дар ин маросим, ки дар Гамбурги Олмон баргузор шуд, беш аз 30 овозхон аз гӯшаҳои дунё ва даҳҳо тан аз ҳаводоронашон ширкат доштанд.
Чун ҳамасола ширкати «Daf Entertainment» беҳтарини беҳтаринҳоро интихоб намуда, ҷоиза медиҳад, имсол Шабнами Сурайё, овозхони маъруфи тоҷик, барандаи ҷоизаи «Мероси тиллоӣ» (Golden Heritage)-и ширкати «Daf Entertainment» гардида, Меҳринигори Рустам чун «Беҳтарин сарояндаи зан дар Тоҷикистон дар соли 2016» ва Валиҷон Азизов чун «Беҳтарин сарояндаи мард дар Тоҷикистон дар соли 2016» эълон шуданд.Аммо ҷоизаи асосӣ «Беҳтарин сароянда дар ҳудуди Осиёи Миёна» аз байни беш аз 30 сарояндаи дунё насиби Ҷонибек Муродов гардид.
Беҳрӯз Зеваров, продюсер ва раҳбари «Топмедиа», дар суҳбат бо Tajikistantimes.tj аз шаҳри Ҳамбурги Олмон гуфт, ки маросими тақдими ҷоизаҳои «Daf BAMA Music Awards 2016» ба Шабнами Сурайё ва овозхонҳои дигар, аз ҷумла Ҷонибек Муродову Валиҷон Азизов ва Меҳрнигори Рустам шоми шанбе баргузор гардид. Ӯ гуфт, ҳарчанд Шабнаму Ҷонибек собиқаи дарёфти ҷоиза аз ин ширкатро доранд, аммо Валиҷону Меҳрнигор бори аввал ҷоизаҳои «Daf Entertainment»-ро соҳиб шудаанд.
Ҳамин тариқ аз рӯйи ҷамъбасти ниҳоии холҳо Ҷонибек Муродов имсол «беҳтарин овозхони попи Осиёи Миёна» ва Валиҷон Азизову Меҳрнигори Рустам беҳтарин овозхонҳои мард ва зан дар Тоҷикистон эътироф шудаанд. Масъулони ширкати «Daf Entertainment» мегӯянд, ки ин овозхонҳо бар асоси мизони маҳбубияти таронаҳояшон дар Интернет ва овоздиҳии мухлисон соҳиби ин ҷоизаҳо шудаанд.Мавриди зикр аст, ки ширкати “Daf Entertaintment” то соли ҷорӣ расми тақдими ҷоизаҳоро барои беҳтарин хонандагони Шарқ ҳамроҳ бо ширкати амрикоии “Big Apple Music Awards” доир мекард ва ин ҷоизаҳо бо номи “Big Apple” маъруф буданд. Вале дар оғози 2016 миёни ду ширкат бар сари ин “бренд” ихтилоф бархост.Ҳамин тариқ “Daf Entertaintment”- ро лозим омад, ки ба ширкати мобилӣ таслим шуда, номи маросимашро аз “Big Apple Music Awards” ба «Daf BAMA Music Awards» табдили носм диҳад. Ёдовар мешавем, ки “Big Apple Music Awards” аз соли 2004 ба ин сӯ, ҳар сол ба беҳтарин овозхонҳои афғону тоҷику эронӣ дода мешуд, вале баъдан миқёсаш ба ҷаҳони Араб ва Қафқозу Аврупои шарқӣ густариш ёфт. Аввлин соле, ки ба ин маросим даъват барои сарояндаҳои Тоҷикистон омад, падару писар Ҷонибеку Ҷурабек Муродовҳо чун намояндаи расмии Тоҷикистон ва довталаби ҷоизаҳои ин озмун интихоб шуда буданд.
Ҳамин тавр ноябри соли 2009, аввалин соле, ки намояндаҳои Тоҷикистон дар маросими ҷоизасупории“Big Apple Music Awards” даъвати шуда буданд, Ҷӯрабек Муродов шоҳҷоизаи асосӣ « Ривояти зинда» (Живая легенда) ва писараш Ҷонибек Муродов ҷоизаи асосии ин маросим- «Беҳтарин сарояндаи Осиёи Марказӣ»- ро соҳиб шуданд. Ин дар ҳоле буд, ки рақибонашон Андӣ, Фарҳоди Дарё барин сарояндаҳои шинохтаи форсизабон буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ