Ҷонсу Дарё маъшуқаи пинҳонии Маҳмад Акиф аст?
Ҷонсу Дарё, фотомодел ва ҳунарпешаи машҳури Туркия 24-ноябри соли 1980 дар шаҳри Анқара ба дунё омадааст.
Маълумоти ибтидоиро дар Измир гирифта, баъдан таҳсилашро дар шаҳри Истамбул, дар шуъбаи археологияи Донишгоҳи Давлатии Туркия идома додааст. Дурӣ аз падару модар ва пайвандон дили Ҷонсуро ба дард меовард, зеро он замон Туркия бисёр ноором буд ва ин духтараки ҷавону зебо наметавонист дар зери алангаи тиру туфанг ба назди азизонаш тозад. Ҷонсу ғами дилашро бо суруд ва суратгирӣ мебаровард. Боулингбозӣ низ аз зумраи машғулиятҳои дӯстдоштааш буд.
Даричаи ошноӣ:
Ҷонсу Дарё
Касбаш- актриса ва модел.
Зодгоҳ-Туркия.
Мучалаш- мизон,
Дарозии қадаш-1, 76,
Парвози мурғи бахти малика
Ситораи синамо
Дар байни гулдухтарони донишҷӯ озмуни «Маликаи донишгоҳ» эълон шуду ҳамсабақонаш Ҷонсуро пешбарӣ намуданд. Ин духтараки бепарво ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки тоҷи заррини ғолибият маҳз насиби ӯ мегардад, вале ҳакамон ҷонсуро “Маликаи донишгоҳ” эълон намуданд. Журналистони зираке, ки ҷамъбасти озмунро инъикос менамуданд, мафтуни ҳусну ҷамоли “Маликаи донишгоҳ” гашта, навиштанд, ки Ҷонсу Дарё баҳои аз ин ҳам баландтарро сазовор аст. Ҳамин тавр Ҷонсуи нозанин ба озмуни зебоӣ, ки дар он ҳазорон-ҳазор зебосанамҳо аз гӯшаю канорҳои гуногуни Туркия иштирок менамуданд, пешбарӣ гашт ва тамоми нозанинҳоро ба як нӯл зада, тоҷи ғолибиятро ба даст овард. “Маликаи Туркия” эълон гаштани Ҷонсуи 20- сола кишварро ба ларза даровард. Акнун расмҳои зебои Ҷонсу саҳифаи аввали машҳуртарин рӯзномаю маҷаллаҳоро зеб медоданд ва қариб ҳар рӯз хабарнигорон дар бораи ӯ ягон овозаю ҳангомаи нав паҳн мекарданд. Ширкатҳои рекламавӣ бошанд, шуҳрати маликаи навро ба манфиати худ истифода бурданӣ шуда, барои тарғиби молу маҳсулоташон ба Ҷонсу маблағҳои ҳангуфт пешниҳод мекарданд. Ҷонсу Дарё ширкатҳои машҳуртарини ҷаҳон: «Аvon», « Loreal Paris» ва Madnum»-ро муаррифӣ намудааст.
«Сила»-қуллаи ҳунар
Соли 2006 сенариянависи машҳури турк Гул Озар барои силсилафилми наваш «Сила» дар байни актрисаҳои болаёқат кастинг эълон намуд. Ҷонсу, ки аллакай ба ҳунару маҳорати нақшофариаш боварии комил дошт, бо дили пур худро дар ин озмун кард. Коргардони чашми кордон аз байни садҳо зебосанам танҳо Ҷонсуро ба офаридани ин симои аҷиб лоиқ дониста, ин нақши пур аз ихтилоф ва бисёр душворро ба ӯ супурд. Наворгирии ин силсилафилм соли 2006 оғоз ёфта, танҳо соли 2008 хотима ёфт. Бозидани нақши Сила барои Ҷонсуи ҷавон мушкил бошад ҳам, вале ин духтари меҳнатдӯст тавонист аз уҳдаи офаридани ин образ барояд. Сила дар филм ба муқобили анъанаҳои хунин ва бисёр золимонаи куҳна баромада, аз хонаи шавҳараш ҳамроҳи як ҷавони франсуз ба шаҳр мегурезад. Барои ҳимояи нангу номуси худ шавҳараш Борон бояд Силаро ба қатл расонад, аммо ин қасди интиқом ба муҳаббат табдил меёбад. Сила дар аввали филм шавҳараш Боронро дӯст намедорад, вале баъди аз деҳаи куҳӣ ба шаҳр фирор намудан мефаҳмад, ки дар тӯли ин муддати кӯтоҳ ба ин ҷавони далеру дилсофи куҳистонӣ дил бохтааст. Билохира муҳаббат ғолиб омада, пас аз талошу мубориза ва хунрезиҳои зиёд ин ду ҷавони ташнаи бахтро ба ҳам меорад. Ҳунармандони ҷавон Маҳмад Акиф Алокурт ва Ҷонсу Дарё образҳои Сила ва Боронро чунон пуртаъсир офариданд, ки ҳангоми тамошои филм ашк беихтиёр дар чашмони тамошобинон давр мезад. Филм бисёр пуртаъсир баромада бо тиражи калон-18 миллион нусха ба фурӯш рафт. Бо шарофати ҳамин сериал Ҷонсу Дарё ва Маҳмад Акиф Алокуртро натанҳо дар Туркия, балки дар ними ҷаҳон мардум шинохтанд ва самимона дӯст доштанд.
Овозаю овоза…
Расмҳои Ҷонсу ва партнёраш Маҳмад саҳфаҳои аввали журналҳои ранга ва расонаҳои машҳуртарини оламро зеб дода дар зери суратҳо аксаран сарлавҳаҳои пурҳангома аз қабили “Ишқи пинҳонии ду ситораи синамо” ва “Маҳмад шабҳо дар хонаи Ҷонсу чи мекунад?” пайдо мешуданд. Ҳунармандон аз ин овозаю ҳангомаҳои гӯшхарош дилозурда намегаштанд, зеро хуб медонистанд, ки оқибати машҳур шудан ҳамин аст. Одам, ки шуҳратманд шуд, овозаҳо хоҳ-нохоҳ думболагираш месозанд.
Ишқи хунин
Пас аз силсилафилми «Сила-бозгашт ба хона» якбора аз сари Ҷонсу борони сенария борид. Нависандагону киноматографистон аз гӯшаю канорҳои гуногуни олам ба суроғи ин актриса зебо ва ҳунарманд омада Ҷонсуро ба ҳамкорӣ даъват менамуданд. Соли 2009 симои дилкашу ҷаззоби ин зебосанам дар филми нав «Муҳаббати талх» пайдо шуда, боз тамошобинонро гирёнд. Дар ин филм Ҷонсу нақши духтараки ошиқу ноком Нурияро мебозид. Тамошобинон чашмашонро аз экран канда наметавонистанд, зеро ҳодисаҳои филм бисёр пурсӯз буданд. Нурияро аз дӯстдоштааш ҷудо мекунанд ва ошиқашро дар пеши чашмонаш мекушанд. Чашмони хунгирифтаи духтар ташнаи интиқом аст. Вай бисёр мехоҳад қасди ошиқи ҷавону нокомашро аз душманон бигирад. Нурия ҳама бадхоҳонашро ҷазо дода, дар охири филм ба зиндон меафтад. Филми “Муҳаббати талх” натанҳо сокинони кишварҳои шарқӣ, балки мардуми баландназари Аврупоро низ қоил намуда, соҳиби ҷоизаи беҳтарин гашт.
«Великолепный век»
Дар қисми сеюми сериали машҳури «Великолепный век» Ҷонсу Дарё нақши Фирӯзаро бозида, машҳуртарин коргардонҳои кишварашро ба ҳайрат овард. Фирӯзаи офаридаи Ҷонсу дар филм барои Сулаймон бо Хуррам-Хотун даст ба гиребон шуда, маъшуқаи таннози шоҳро қариб зинда ба зинда пӯст меканад. Аҷоибот дар он буд, ки Ҷонсу нақшашро моҳирона ва бидуни хурдтарин камбудӣ мебозид. Аз оғоз то анҷоми филм дар ягон саҳнаи бозидаи Ҷонсӯ садои “стоп” гуфтани коргардон баланд нашудааст, ки ин дар таърихи синамо ҳодисаи нодир ва ягона ба шумор меравад.
Ҷонсу шавҳар мекунад?
Ҷонсу Дарё ба синни 32 қадам гузошта бошад ҳам, то ҳол шавҳар накардаст. Дар расонаҳо оиди рӯзгори пасипардагии Ҷонсу бисёр менависанд, вале ҳақиқати ин гуфтаҳоро то ҳол касе исбот накардааст. Яке тахмин мекунад, ки Ҷонсу Дарё маъшуқаи хабарнигори машҳури Турк Фират Агоғлу аст, дигарӣ номи ин зебосанамро бо шавҳари саҳнавиаш Маҳмад Акиф Алокурт мепайвандад, сеюмӣ бошад, боз ягон афсонаи дигар мебофад. Актриса парвои ин ҳама сару садо надорад, зеро муътақид аст, ки калиди бахти ҳар як инсон дар дасти Худованд буда, офаридгор ягон бандаашро дар ин дунё танҳо намегузорад.
Зебосанами шуҳратёр боварии комил дорад, ки рӯзе шоҳзодаи хаёлияш пайдо шуда, ӯро ба саманди зарринёли бахт мешинонад ва ба олами рангини ишқу муҳаббат бурда, хушбахттарин бонуи олам мегардонад. Мо ҳам дуо мекунем, ки Парвардигор ин орзуи Ҷонсуи нозанинро амалӣ гардонад. Омин!
Рустам Азимӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ