Қонуни нав ба фоидаи мансабдорон

Вакилони Думаи давлатии Русия тарҳи қонунеро қабул карданд, ки салоҳияти Хадамоти федеролии муҳофизатро густариш медиҳад. Аз ҷумла, лоиҳаи қонун ба Хадамоти мазкур иҷозат медиҳад, ки иттилои шахсии афроди таҳти муҳофизат махфӣ нигаҳ дошта шавад.

Ин макони истиқомат ва дороиҳои афроди таҳти муҳофизатро, ки миёнашон ҳамаи мансабдорони болоии ҳукумат, губернаторон ва роҳбарони ширкатҳои бузург ҳастанд, дар бар мегирад.

Тибқи қонун, ҷамъоварӣ ва оммавӣ кардани иттилои шахсӣ дар бораи тоифаи мазкур ва аҳли хонаводаи онҳо танҳо бо розигии худи онҳо ва иҷозаи мақомоти давлатӣ мумкин хоҳад буд.

Ҳамзамон, бар асоси қонуни охир, Хадамоти федеролии муҳофизат ҳақ дорад, ки натанҳо “барои ҳифзи иттилои шахсии объектҳои муҳофизатшаванда”, балки аъзои хонаводаи онҳо ҳам чораандешӣ кунад. Ба ҷуз аз ин, Хадамоти мазкур ҳақ пайдо мекунад, ки ҳаракат дар роҳҳои объектҳои таҳти муҳофизати давлатиро маҳдуд кунад ва аз фурудгоҳҳову майдонҳои дигари нақлиётӣ бепул истифода барад.

Лоиҳаи қонуни мазкур моҳи феврали соли ҷорӣ аз сӯи президенти Русия Владимир Путин ба порлумон пешниҳод шуда буд. Моҳи марти соли ҷорӣ Путин ба Хадамоти федеролии муҳофизат иҷозат дод, ки қитъаҳои заминро барои эҳтиёҷоти Русия мусодира кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *