Қонуни афв ба парлумон ирсол шуд

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро барои баррасии ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард.

Тибқи маълумоти пешакӣ, бар асоси ин санади ҳуқуқӣ ба зиёда аз бист ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон амалӣ мешавад. Аз ҷумла, зиёда аз ҳафт ҳазор нафар аз адои ҷазо аз муассисаҳои иҷрои ҷазо озод гардида, беш аз панҷ ҳазор нафар аз ҷазоҳои дигари ба ҷазои маҳрум сохтан аз ҷазои ба озодӣ алоқаманднабуда озод мегарданд.

Қонун “Дар бораи афв” аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод намудани шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ё судҳо қарор доранд ё дар асоси ҳукми судҳо адои ҷазо карда истодаанд, пешбинӣ кардааст. Нисбат ба маҳкумшудагони зиёд муҳлати адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ кам карда мешавад. Қонуни мазкур инчунин нисбати зиёда аз ду ҳазор шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятии онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё судҳо қарор доранд, татбиқ карда мешавад.

Киҳо дар навбати аввал озод мешаванд?

Мувофиқи моддаи 1 лоиҳаи Қонун аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз муҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкумшудагони зерин,  занон, ноболиғон, ва мардони аз синни 55 боло озод карда мешаванд. Ҳамчунин,  маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III, инчунин, шахсони гирифтори бемориҳои омоси бадсифати марҳалаи 4 ва гурӯҳи клиникии 4 аз рӯи таснифи байналмилалӣ, ба омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сили узвҳои нафас ва пошхӯрдаи шадиди шуш, бемории ишемиявии дил-стенокардияи фаъолияти ҷисмонии гурӯҳҳои III ва IV мансуб донисташуда;  иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар, шахсоне, ки бар асари фалокати неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд;  шахсоне, ки мукофотҳои давлатӣ доранд ва шаҳрвандони хориҷӣ мавриди афв қарор мегиранд. Дар баробари ин мувофиқи талаботи моддаи 2-и лоиҳа, шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, новобаста аз намуди ҷазо, аз адои ҷазо пурра озод карда мешаванд.

Маҳдудиятҳо дар татбиқи Қонуни афв барои бархе шахсон

Дар лоиҳа як қатор ҳолатҳое низ нишон дода шудаанд, ки татбиқи қонунро нисбат ба баъзе шахсон маҳдуд мегардонанд.

Аз ҷумла, дар моддаи 8 доираи шахсоне, ки Қонун “Дар бораи авф” нисбат ба онҳо татбиқ намегардад, нишон дода шудааст. Ба ин гурӯҳ (ба истиснои занон ва ноболиғон) шахсоне дохил мешаванд, ки ҷиноятҳои хавфнокиашон зиёдро содир намуда, бо моддаи 104, қисми 3 моддаи 110, моддаҳои 130, 130 1 , 138, 139, 143 1, 179, 179 1, 179 2, 179 3, 185, 186, 187, 188, 189, қисми 4 моддаи 200, банди «в» қисми 2 ва қисми 3 моддаи 237, қисми 4 моддаи 248, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 249, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 250, моддаҳои 305-310, 313, 328, 331, 332, моддаҳои 365, 395-405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум гардидаанд.

Ҳамзамон нисбат ба шахсоне, ки ба ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, инчунин шахсоне, ки нисбат ба онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст ва шахсоне, ки дар маҳалли адои ҷазо ҷиноят содир кардаанд, амали ин Қонун татбиқ карда намешавад.

Ҳамзамон бо ин, зикр кардан зарур аст, ки татбиқи Қонуни мазкур доғи судии шахсро намебардорад ва шахсони мувофиқи Қонуни мазкур авфшуда аз ҷазои иловагӣ ва барқарор намудани товони зарари моддие, ки дар натиҷаи содир намудани ҷиноят расонидаанд, озод карда намешаванд.

Мутобиқи моддаи 20-и лоиҳа мақомоти дахлдор вазифадоранд иҷрои Қонуни мазкурро дар давоми ду моҳ таъмин намуда, баъдан дар хусуси иҷрои он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *