ҚОНУНИ ТАНЗИМ -БАҚОИ БЕҲБУДИИ ЗИНДАГӢ

Миллати тоҷик сангинтарин рӯзҳои эъмори давлатдории миллатро пушти сар карда, имрӯз ба сулҳу суботи сартосарӣ расидааст, ки ин неъмати бебаҳо ва дастоварди нодири тамоми халқи тоҷик аст.         Вазъияти зуд тағйирёбандаи иқтисодиёти ҷаҳони муосир таъсири назарраси худро на танҳо ба буҷети давлат, балки ба буҷети оилаи тоҷик расонид.  Аз ин рӯ зарурияти ба танзим даровардани хароҷоти зиёду беҳудае, ки буҷети оиларо афкор месозад, ба вуҷуд омад.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро пешниҳод намуд.     Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон                   «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои такмили Қонуни амалкунанда дар асоси дархосту пешниҳоди сокинони мамлакат зимни вохўриҳо, баромадҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, инчунин зимни мулоқот ба муносибати 10 солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 11-уми июли соли 2017 баён гардида буданд, таҳия гардида, дар он ҷиҳати таҳкими фаъолияти комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва ҷамъиятӣ, салоҳияти ин комиссияҳо меъёрҳо пешбинӣ гардидаанд.       Дар қонун як қатор меъёрҳои навепешниҳод ва қабул гардидаанд, ки онҳо барои ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ равона карда шудаанд. Аз ҷумла, дар рўзҳои Иди Рамазон ва Қурбон оростани дастурхони маънавӣ ва хоксорона ва роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ яке аз онҳост.

Тибқи таҳлилҳо аксари мардум бар он ақидаанд, ки талаботи Қонуни мазкурро бештар шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ, сарватмандон, соҳибкорон ва ходимони дин вайрон мекунанд.

Бо назардошти ин ҳолат ба Қонун меъёри нав пешниҳод ва қабул гардидааст, ки мувофиқи он аъзои Ҳукумат, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андоз, гумрук ва хизматчиёни ҳарбӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд.

Ҳолати мазкур бори дигар собит месозад, ки ҳама дар назди қонунҳои амаликунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз мансаби ишғол намуда, баробар мебошанд.

Қобили қайд аст, ки қонун тартиби нави гузаронидани хатнасур пешниҳод гардида, тибқи он хатнасур бояд дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида шуда, хатна бо розигии падару модар аз рўзи таваллуди писар то рўзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон бо тартиби муқаррар намудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида мешавад. Инчунин гузаронидани маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, муйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кўдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон иҷозат дода шуда, гузаронидани маъракаи ақиқа манъ карда шудааст.

Ҳамзамон, ба моддаи 10 Қонуни амалкунанда, ки тўи домодию арусиро ба танзим медарорад, низ таѓйирот ворид карда шуда, дар баробари дигар маъракаҳои манъ шуда, гузаронидани маъракаҳои ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтоз (роҳбандон) манъ карда шудааст.

Ногуфта намонад, ки қонуни мазкур, ки тулли 10-сол аст, мавриди амал қарор дорад, бо мақсади сарфа намудани маблаѓҳои буҷаи оила ва пешгирӣ намудани пастшавии сатҳи зиндагонии мардум пешбинӣ карда шудааст.

Таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки қисми зиёди шаҳрвандони мамлакат амали қонунро ҷонибдорӣ намуда, аз ҳар ҷу зиёдаравии беҳуда канораҷўӣ менамоянд. Аммо ҳастанд афроде, ки хилофи қонун рафтор карда, бе иҷозати комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва ҷамъиятӣ ба сарфу хароҷотҳои аз ҳад зиёд даст зада, буҷаи оилаи худро заиф сохта, аз ҷониби мақомотҳои давлатӣ ҷаримабандӣ карда мешаванд.

Хуллас, қонуни мазкур аз тарафи кули мардуми тоҷик дастгирӣ ёфта, риояи он дар амал ҷорӣ карда шудааст, ки он боиси авад.

                                                        Саида Босхонзода

                                                                Олеся Ниманова ,

                                                     кормандони дастгоҳи

                                                             Суди шаҳри Душанбе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *