«Опел» то се ҳазор доллар гарон шуд»
Тоҷирони мошин дар бозорҳои Тоҷикистон аз гаронтар ва сахттар шудани боҷи гумрукӣ ҳангоми ворид кардани мошинҳои сабукрав ба кишвар дар як соли гузашта шикоят мекунанд. Гароншавии боҷ ба қимати мошинҳо ҳам таъсиргузор шуд. Ба қавли як тоҷири бозор, арзиши мошини серистифодаи “Опел”-и соли истеҳсолаш 1996 агар то баҳори соли 2016 2500 доллар буд, то охири соли гузашта то 3000 доллар афзоиш ёфт.
Бархе мегӯянд, ваъдаи президент дар бораи 50 баробар кам кардани андоз ва боҷи гумрукӣ барои воридоти мошинҳои нав дастандаркорони бозори мошинфурӯшӣ дар Тоҷикистонро дилгарм кард. Аз сӯи дигар, мегӯянд коршиносон, чунин тасмим ба манфиати танҳо гурӯҳе аз афрод мешавад, на ба фоидаи тамоми аъзои ҷомеа.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ