«Опел-Вектра» дучархаро пахш кард, дучархарон ба ҳалокат расид
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳалок шудани як нафар дар пайи садамаи нақлиётӣ хабар дод.
— 25-уми сентябри соли 2022 тахминан соати 20:30 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» Турсунов Қаҳрамон Қаҳҳорович, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҳудуди шаҳри мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Ибрагимов Фаридун Икромҷонович, соли таваллудаш 1993, сокини ҳамин шаҳрро, ки аз тарафи рост ба тарафи чап роҳро убур менамуд, пахш намудааст,- меафзояд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки дар натиҷа Ибрагимов Ф. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ