Опел –Зефира ёфт шуд
Мошиндуздон аз беэҳтиётии соҳибони нақлиёт истифода бурда ба осонӣ ба ҳадафи худ мерасанд.
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 45-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки санаи 12.07.с.2016, тахминан соатҳои 12:00-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел Зефира”-ро, ки дар кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдаанд.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 19-солаи сокини пойтахт бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт дастгир карда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ