Операсарои маъруф Адҳам Холиқов аз олам даргузашт
Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, операсарои маъруфи тоҷик Адҳам Холиқов аз олам даргузашт. Ӯ 76 сол дошт.
Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар доданд.
Номбурда Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1970), Консерваторияи давлатии ш. Москваро хатм карда (1979), солҳои 1970—1980 сарояндаи ансаммбли «Красная звезда», ш Москва, аз соли 1980 овозхони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ буд.
Маҳорати сарояндагии хешро дар академияҳои операвии Италия сайқал додааст. Махсусан маҳорати сарояндагиаш дар овозхонии операвии асарҳои классикии миллӣ, рус ва хориҷӣ хеле хуб садо медиҳад. Бо иштироки ӯ дар консерту спектаклҳо аз рӯи асарҳои композиторони тоҷик ва аврупоӣ сурудҳои операвӣ ва халқӣ дар хориҷи мамлакат садо медиҳанд.
Дар саҳнаи театр якчанд нақшҳои ҷолиб офаридааст. Махсусан маҳорати сарояндагиаш дар овозхонии операвии асарҳои классикии миллӣ, рус ва хориҷӣ хеле хуб садо медиҳад. Дар 30 спектаклҳои операвӣ нақш офаридааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ