Оператори мобилии “Анор” толорҳои фирмавӣ мекушояд ва рақамҳои “қиматбаҳо” ҳадя мекунад
Оператори мобилии аз ҳама ҷавони Тоҷикистон ду нуқтаи чаканаро дар Душанбе, Хуҷанд ва Конибодом ифтитоҳ намуд. Дар ҳарду толори нав ба даҳ меҳмони аввалин рақамҳои “тилло” туҳфа карда шуданд. Боқимондаҳо бошанд, дар рӯзи кушодашавӣ имкон доштанд, ки рақамҳои “қиматбаҳо”-ро бо 50% тахфиф ба даст оваранд.
“Анор” толорҳои фирмавиро дар маконҳои барои мизоҷон қулай ҷойгир менамояд. Дар Душанбе ин маркази савдою хизматрасонӣ ва дилхушии “Сиёма Молл” воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ 8 мебошад, дар Хуҷанд бошад, толор дар кӯчаи Камоли Хуҷандӣ 51 рӯ ба рӯи автовокзал кушода шудааст. Дар Конибодом — дар кӯчаи И.Сомонӣ, 247, дар назди боғи марказӣ.
Дар толорҳои фирмавӣ муштариён имкон доранд, ки SIM-кортҳои воқеӣ ё eSIM-ҳои виртуалӣ бихаранд, тавозуни худро пур кунанд ё смартфони худро танзим намоянд. Мушовирон дар интихоби тарофа дар асоси хоҳишу талаботи муштариён кӯмак карда, доир ба пешниҳодҳои муфид маълумот медиҳанд. Масалан, ҳангоми пайвасткунии тарофаи “Диёр 55” алҳол яке аз рақамҳои “қиматбаҳо”-ро, ки арзишашон 250 ё 500 сомониро ташкил медиҳад, метавон ройгон ба даст овард.
Айни замон дар 38 нуқтаи аҳолинишини Тоҷикистон аллакай зиёда аз 100 толорҳои фирмавии “Анор” амал мекунанд. Оператор кӯшиш менамояд, ки ба муштариён ҳарчи наздиктар бошад ва бо ҳамин сабаб шабакаи толорҳои фирмавии худро васеъ менамояд.
Хабарҳои ширкати “Анор”-ро дар сомона ва саҳифаҳои расмии шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ намоед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ