Ҷопон ба мардуми Тоҷикистон 350 ҳазор доллар кумак кард
Ҳукумати Ҷопон дар чорчӯби барномаи кумаки бебозгашт ва инсондӯстона ба қишри густурдаи мардум дар Тоҷикистон ба арзиши кулли 349 ҳазору 970 доллар чаҳор тарҳро амалӣ кардааст.
Ҳукумати Ҷопон дар чорчӯби барномаи кумаки бебозгашт ва инсондӯстона ба қишри густурдаи мардум дар Тоҷикистон ба арзиши кулли 349 ҳазору 970 доллар чаҳор тарҳро амалӣ кардааст.
Дар ин бора Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон иттилоъ додааст. Дар чорчӯби тарҳи нахустин ба ҷамоъати Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг ба арзиши ҳудуди 89,3 ҳазор доллар корафзорҳои кишоварзӣ ироа шудааст.
Тарҳи дувум сохтани бинои нави мактаби рақами 11 дар шаҳри Турсунзода буда, арзиши он 89,2 ҳазор долларро ташкил додааст.
Ҳамчунин, дар доираи тарҳҳои Ҷопон дар деҳаи Оби Гарми шаҳри Роғун ба арзиши 89,2 ҳазор доллар бинои иловагии мактаби рақами 7 ва дар ноҳияи Нуробод ба арзиши 82,2 ҳазор доллар бинои нави мактаби рақами 79 сохта ба истифода дода шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ