Ҷопон таъмини барқи Душанберо осонтар мекунад
Миёни ширкатҳои «Барқи тоҷик» ва «Nishizawa»-и Япония ба маблағи 1.976 млрд. йенаи японӣ (наздики 17,5 млн. доллар) қарордод ба имзо расид.
Ин қарордод дар доираи лоиҳаи грантии «Беҳтар кардани вазъи зеристгоҳҳо дар шаҳри Душанбе», ки аз ҷониби Агенти ҳамкории байнулмилалии Япония (JICA) маблағгузорӣ мешавад, мавриди амал қарор мегирад.
Роҳбари намояндагии JICA дар Тоҷикистон Хидеки Танабе гуфтааст, мувофиқи шартҳои қарордод, ширкати «Nishizawa» ба сохтмони зеристгоҳи нав дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ — «Радиостанция» (назди Амфитеатр) уҳдадор мешавад.
Ғайр аз ин, ширкат корҳои навсозӣ ва афзоиши иқтидори зеристгоҳи «Промышленная»-ро дар ноҳияи Сино (бозори «Фаровон») низ ба сомон мерасонад.
Қобили зикр аст, ки таҷҳизоти асосии барқӣ барои амалисозии ин лоиҳа дар ширкати маъруфи Япония — «TOSHIBA» истеҳсол хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, амалисозии лоиҳаи мазкур ба беҳбуди вазъи таъмини аҳолӣ, бахши саноат ва иншооти иҷтимоии шаҳри Душане бо барқ, ҳамчунин камшавии ҳолатҳои қатъи интиқоли барқ бинобар сабаби аз ҳад зиёд сербории трансформаторҳо мусоидат мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ