« Ҷопонро аз маъюбон «тоза» мекунам!»

   Дар шаҳри Сагамихари Ҷопон бар асари ҳамла ба пансионати маъюбон 19 нафар ба ҳалокат расида, 20 тани дигар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштанд. Сатоси Уэматсуи 26-сола, ки дар содир кардани ин ҷинояти вазнин гуноҳи худро иқрор намудааст, сабаби ин амали номатлубашро чунин шарҳ додаст: «Мехостам, ки Ҷопонро аз маъюбон тамоман «тоза» кунам».

Сатоси Уэматсу бар хилофи дигар ҷинояткорон баъди содир намудани ҷиноят худ ба идораи пулис рафта, дар кирдори содир намудааш иқрор шудааст.

Сатоси дар пансионати мазкур 3 сол содиқона кор карда буд, аммо ба ҷойи раҳмат ӯро аз кор пеш карданду ӯ аз нони хӯрдан монд. Ба ин ноадолатӣ тоб наоварда, хост, ки ҷаҳонро ҳам набошад, лоақал Ҷопонро аз одамони «нимтана» «тоза» кунад. Бо ин мақсад Сатоси нисфи шаб ба пансионат рафта бо корд ба 40 нафар ҳамла карда, 19 нафар дар асари ин ҳамла ҷо ба ҷо ба ҳалокат расида, 20 нафар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, танҳо як нафар аҳволаш нисбатан беҳтар арзёбӣ мегардад. Баъди ин амал Сатоси бо мошинаш рост ба идораи пулис рафта мегӯяд: «Ман ин корро кардам, ман ҳамаи онҳоро кушта, Ҷопонро аз нимтанаҳо «тоза» кардам». Он замон Сатоси бо худ як сумка силоҳи «сард» аз қабили корду теғ ва арра дошта, сару либос ва дастонаш оғуштаи хун буд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *