Ораш Алоӣ: Ваксина роҳи наҷот аз COVID-19

Доктор Ораш Алоӣ, мушовири байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вирусологи маъруф ва мушовири Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, роҳбари институти байналмилалии тандурустӣ ва ташхиси ИМА дар Ню Йорк зимни як тренинги омӯзишӣ ба журналистон дар мавриди аҳамияти ваксинагирӣ суҳбат кард, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мекунем.

 -Ҷаноби доктор, аслан худи ваксина чист?

-Ваксинаи COVID-19 вирус нест. Ваксина, аслан қисме аз вирус аст, ки ба бадани инсон кӯмак мекунад, то ки бо вирус мубориза барад. Ваксина барангезандаи ягон  беморӣ нест ва ба инсон таъсири манфӣ надорад.

-Феълан дар Тоҷикистон се навъи ваксина ба сокинон гузаронида мешавад. Назари  Шумо ба ин ваксинаҳо чист?

-Бубинед, ваксинаҳое, ки аз тарафи Созмони ҷаҳонии беҳдошт, аз ҷумла ваксинаи «AstraZenecа», «Sinopharm», «Sinovac», «Pfizer», «Johnson & Johnson», «Moderna» таъйид шудаанд ва ваксинаи «Спутник», ки аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ қобили қабул гардидааст, оризаҳои бисёр маҳдуд ва кам доранд. Оризаҳои онҳо монанди ҳар оризаи дигар дар бадани инсон мебошанд. Ин оризаҳо монанди дард дар маҳалли тазриқи ваксина, дар баъзеҳо метавонад беҳолӣ ё баландшавии ҳарорат ва дар баъзеҳо нишонаҳои аллергияи ҳассосият бошанд, вале ин оризаҳои ваксинаҳо ҷои нигаронӣ надоранд. 

-Нафароне, ки бемориҳои дил ва диабети қанд доранд, аз гирифтани ваксина худдорӣ мекунанд. Тавсияи шумо чист?

-Ин гурӯҳи одамон бояд ҳатман ваксина бигиранд, зеро гурӯҳи осебпазир ҳастанд. Илова бар ин, шахсоне, ки синну солашон аз 60 боло аст, бештар аз короновирус вафот мекунанд. Бояд ин қабил одамон ҳатман ваксина гиранд. Ба ман бисёр суол медиҳанд, ки чаро пеш аз гирифтани ваксина табибон моро пурра аз муоина намегузаронанд. Посух ин аст, ки ба ин ҳеҷ ҳоҷате нест, зеро ваксина безарар аст.

-Баъзеҳо шикоят мекунанд, ки баъди ваксинагирӣ беҳолӣ, сардардӣ ва таби баланд онҳоро ранҷ медиҳад…

-Ҷойи нигаронӣ надорад. Гоҳо чунин оризаҳо пайдо мешаванд, ки зудгузар ҳастанд. Бо каме истироҳат пушти сар мешаванд. Агар ба дард таҳаммулпазир нестед, метавонед аз “парацептамол” хӯред, беҳтараш оби зиёд нӯшед.

-Баъзе коршиносони байналмилалӣ ба онанд, ки ваксина наметавонад пеши роҳи гирифторшавӣ бо коронавирусро бигирад. Оё ин дуруст аст?

-Бемории COVID-19 ҳолатҳои мухталиф дорад. Дар баъзе афрод ин беморӣ нишона надорад, дар баъзеи дигар миёна ва дар бархе шадид аст ва ба фавт оварда мерасонад. Ваксинаҳо то қариби 100% дар пешгирӣ аз фавт ва шадид шудани беморӣ самаранок буданд. Дар гурӯҳе, ки бемориро бе нишона ё миёна мегузаронанд, бастагӣ ба намуди ваксина аз 75 то 94 % фарқ дорад. Барои ҳамин бояд ҳама ваксина гиранд, то фавт ва шадидшавии беморӣ пешгирӣ гардад.

Вале тавсия медиҳам, ки то замоне 80 % аҳолӣ ваксина нагиранд, бояд ҳатман ниқоб андохта шавад ва қоидаҳои беҳдоштӣ риоя гарданд. Ваксинаҳо самараноканд ва пешгирӣ мекунанд, вале ин пешгирӣ аз фавт ва шадидшавӣ аст.

-Шахсе, ки гирифтори коронавирус аст метавонад, ки ваксина гирад?

-Тавсия медиҳам, ки шахсоне ки короновирус шуданд, баъд аз се моҳи шифо ёфтан ваксина бигиранд.

-Занҳои ҳомиладор ваксина мегиранд?

-Бале, метавонанд. Нафаре чанд вақт пеш занг зад ва гуфт, келинаш ҳомила аст, ва ӯ ваксин гирифтааст. Табибон гуфтанд, ки  “баъд аз гирифтани ваксина кӯдакат маъюб ба дунё меояд”. Вале ин гуфтаҳо куллан ғалат ва овозае беш нест. Ин иттилоот ғалати маҳз аст. Фақат ба занҳои ҳомила ваксина ҳатмӣ нест… Онҳо метавонанд, баъди таваллуд бигиранд. 

-Оё шахсоне, ки ваксина гирифтаанд, боз ба COVID- 19 сироят меёбанд?

-Бале, имкон дорад. Пас суоле пайдо мешавад: чаро мо ваксина мегирем? Гирифтани ваксина ҳатмӣ аст. Вақте ваксина мегиред, бемориро ба маротиб сабук пушти сар мекунед, воҳима дар Шумо камтар мешавад. Ваксина маънои онро надорад, ки беэҳтиёт бошем. Худи ман ду маротиба ваксина гирифтам, вале чӣ хеле мебинед ҳамеша аз ниқоб истифода мебарам. Зеро шахсоне, ки ваксина гирифтаанд, имкон дорад ки боз гирифтори ин беморӣ гарданд.

Таҳияи У. Қутбиддинзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *