Ораш атташеи Афғонистон дар Душанбе таъин шуд

Ораш Бориз, овозхоне, ки тариқи барномаи маъруфи “Ситораи афғон” шуҳрат пайдо карда буд, атташе ё ройзани фарҳангии Афғонистон дар Тоҷикистон таъйин шудааст
Дар ин вазифа ӯ ба ҷои Мӯҷибуллоҳ Маликзода меояд, ки се соли ахир атташеи фарҳангии Афғонистон дар Тоҷикистон буд. Ораш Бориз хонанда, навозанда ва бастакори попи аҳли Афғонистон 18 феврали соли 1987 дар шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон дар муҳоҷират ба дунё омада, даврони кӯдакӣ ва навҷавониашро дар он кишвар сипарӣ кардааст.
Ӯ ба Ҳирот, ватани падариаш баргашта, ба риштаи иқтисоди Донишгоҳи ин шаҳр дохил шуд. Дар канори таҳсилоташ дар риштаи иқтисод мусиқиро низ омӯхт ва ҳамроҳи дӯстонаш, назири Умеди Порсо ва Носир Каримӣ як гуруҳи мусиқиеро ба номи “Обӣ” ташкил дод.

Гурӯҳи “Обӣ” ба ҷуз мусиқӣ ва консертҳои хиёбонӣ ба фаъолиятҳои иҷтимоӣ низ машғул буд. Мубориза бо фасод ва ифротгароии мазҳабӣ ва сулҳ аз шиорҳои ин гурӯҳ будааст.
Оҳангҳое чун “Мо сулҳ мехоҳем», «Лолаву барг» ва «Башар», мусибату дардҳои мардуми Афғонистонро ба хубӣ ба ривоят кашидааст.
Ораш Бориш бо барномаи истеъдодёбии “Ситора афғон” дар телевизиони “Тулуъ” – и Афғонистон шуҳрат пайдо карда, ба мухлисони худ муаррифи шуд ва баъд аз он низ фаъолияти ҳунарии худро идома дод.

Ораш Бориз қаблан минҳайси мудири умумии сабти марказии вазорати тиҷорат ва саноеъи Афғонистон ва мушовири иқтисодии волии Ҳирот низ кор кардааст.
Баъдтар ӯ раиси “Навак студио”, маъули амалиятии идораи “Борбад” и ТВ “Тулуъ” ва масъули ҳамоҳангии созмони “Гуфтумони миллии ҳунари Афғонистон” буд. Вақтҳои охир барномаи “Ҳунар” – и телевизиони “Тулуъ” – ро гардонандагӣ мекард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *