Ғоратгар дастгир шуд, рафиқонашро меҷӯянд…
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 46-солаи сокини кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки шаби 2-юм ба 3-юми августи соли 2018, дар назди бинои истиқоматиаш марди 22-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо ҳамроҳии рафиқонаш: «Фирдавс”, «Муҳаммад”, «Бобоҷон” ва «Манучеҳр” ном шахсон, ки ба тафтишот номаълум мебошанд, ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи «ВИК”, ки арзишаш 1000-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Шахси гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ аз ҷониби кормандони милитсия боздошт гардида, барои дастгир намудани «Фирдавс”, «Муҳаммад”, «Бобоҷон” ва «Манучеҳр” ном шахсон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ