Ғоратгари»Агроинвестбонк» 11 солро дар зиндон мегузаронад

Ҳукми суди ноҳияи Данғара нисбат ба як  донишҷӯи тоҷик, ки  дар ҳамлаи ғоратгарона ба филиали “Агроинвестбонк” дар Данғара айбдор дониста мешавад, баромад.

Раҳмат Қосимзода, раиси суди ноҳияи Данғара 29 сентябри соли ҷорӣ  дар  тасдиқ ба  ин хабар гуфт, ки «Беҳрӯз Рауфов мутобиқи моддаи 249, қисми 2, банди «в», яъне роҳзанӣ… барои ҳамлаи ғоратгарона ба филиали “Агроинвестбонк” дар ноҳияи Данғара гунаҳгор  дониста шуда,  ба 11 соли зиндон маҳкум гардид». Беҳрӯз Рауфов мӯҳлати ҷазоҳоро дар зиндони низомаш пурзӯр сипарӣ хоҳад кард.

Тибқи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, моддаи 249, қисми 2, банди «в» маҳрум сохтан аз озодӣ ба муддати 10 то 12 сол бо адои ҷазо дар зиндони низомаш пурзӯр ва мусодираи амволи муҷримро дар назар дорад.  Беҳрӯз Рауфов, сокини деҳаи Каёнуши ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара, ҳангоми боздошт донишҷӯи соли дуюми яке аз донишгоҳҳои Қазоқистон будааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *