Ғоратгари терминалро дастгир карданд
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 24-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир гардид
Гумонбаршуда, рӯзи 14.10.с.2016, тахминан соати 22:00-дақиқа, ҳангоми дар терминали фурудгоҳи шаҳри Душанбе қарор доштанаш, пинҳонӣ аз дохили сейфи фурӯшандаи чиптаҳои ҳавопаймои ҶДММ “Агентии алоқаи ҳавопаймо” маблағи пулӣ дар ҳаҷми 16350-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ давом дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ