Ғоратгарии се нафар ноболиғ дар “Гипрозем”
Як нафар истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб ба Раёсати корҳои дохилии ноҳияи Сино шикоят бурдааст, ки рӯзи 21 августи соли равон ҳангоми дар кӯчаи Гипрозем қарор доштанаш шахсони номаълум ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи зӯрӣ аз дасташ 1600 сомониро гирифтаанд.
Тавре Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия се нафар ноболиғон; А. Азимбоев соли таваллудаш 2001, истиқоматкунандаи кӯчаи Балъамӣ, М.Додаров соли таваллудаш 2002, истиқоматкунандаи кӯчаи А.Кашевой ва С.Холов соли таваллудаш 2003, истиқоматкунандаи кӯчаи Нахимова ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Оид ба ҷинояти мазкур тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ