Ғоратгарони миллион ба даст афтоданд
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду марди 26 ва 27-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, санаи 25-уми сентябри соли 2018 бо ҳамроҳии марди 24-солаи сокини шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон, ҳангоми дар Федератсияи Россия қарор доштанашон тариқи ошкоро ва бо таҳдиди зӯроварӣ ба марди 35-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ҳуҷум намуда, бо истифодаи корд ва таппонча ба ӯ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонида, аз ӯ 1000000 (як миллион)-рубли русиро тасарруф намудаанд. Сипас, барои рӯйпуш намудани ҷинояти содирнамудаашон худи ҳамон рӯз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштаанд.
Нисбати номбурдагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 249 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ