Орази зебояшро тирборон карда буданд…
Дар Афғонистон Толибон ҳомиёни ҳуқуқи башарро шиканҷа намуда ва мекушанд. Ба гуфтаи манбаъ, «онҳоро бидуни додгоҳ ва тафтишот дастгир намуда, лату кӯб мекунанд ва ҳатто мекушанд, мардум дар фазои тарс зиндагӣ мекунанд.»
Дар Афғонистон ҷасади муаллими 29-солаи иқтисоддон Фрозон Сафӣ, яке аз фаъоли ҳуқуқи занро, ки охири моҳи октябр бедарак шуда буд, дар сардхона шиносоӣ карданд.
Бино ба гузориши нашрияи «The Guardian»-и бритониёӣ, рӯзи 5 ноябр, ҷасади Сафӣ, ки дар ҳимоят аз ҳуқуқи занон дар Афғонистон машғул буд, аз сӯи хонаводааш дар сардхонаи шаҳри Мазори Шариф шинохта шудааст, ки дар шимоли мамлакат воқеъ аст.
Хоҳари марҳум хабар додааст, ки чеҳраи Фрозан бар асари захмҳои зиёди тирҳо базӯр шинохта шуд. Аз ин хотир ба хонаводаи онҳо бадушворӣ муяссар шуд, ки хеши фавтидаро муайян кунанд. “Мо ӯро танҳо аз либосаш шинохтем. Тирҳо рӯи ӯро захмӣ карданд. Дар сар, дил, қафаси сина, гурдаҳо ва пойҳои ӯ захмҳои тир мавҷуд буданд – ҷойи тирҳо чунон зиёдааст, ки ҳисоб кардан басо мушкил аст «,-гуфт хоҳар Рита.
Вай ҳамчунин афзуд, хоҳараш рӯзи 20 октябр бедарак шудааст, вақте марҳум пайдо шуд, маълум шудааст, ки ангуштарин ва сумкаашро дуздидаанд. Илова бар ин, Толибон на танҳо ҷасади Сафӣ, балки як зани ношиноси дигарро низ ба бемористон бурданд.
Пулис бар ин назар аст, ки сухан дар бораи қасосгирии шахсӣ меравад, зеро дар паҳлӯи занони мурда ҷасади ду мард пайдо шудааст.
Рӯзнома менависад, марги Сафӣ шояд нахустин парвандаи сабти асноди қатли як фаъоли дифоъ аз ҳуқуқи занон дар Афғонистон пас аз ба қудрат расидани Толибон бошад.
EADaily қаблан гузориш дода буд, ки Мэри Лоулор, гузоришгари вижаи СММ гуфтааст, ки дар Афғонистон Толибон ҳомиёни ҳуқуқи башарро шиканҷа намуда ва мекушанд. Ба гуфтаи вай, «онҳоро бидуни додгоҳ ва тафтишот дастгир намуда, лату кӯб мекунанд ва ҳатто мекушанд, дар фазои тарс зиндагӣ мекунанд.»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ