Орд қиммат шуд! Кӣ гунаҳкор? (аудио)
Баробари боло рафтани қурби доллар дар баробари сомонӣ, нархи орд, маҳсулоте, ки мардуми тоҷик худро бе он тасаввур карда наметавонанд, якбора аз 30 то 60 сомонӣ афзоиш ёфт.
Нархи орд дар фурӯшгоҳҳои Душанбе дар муқоиса ба як рӯзи пеш тағйир ёфта, қимати як халтаи 50-килограммии он аз 30 то 60 сомонӣ баланд шуд.
Тибқи иттилои мавҷуда, қурби расмии доллар дар Тоҷикистон рӯзи 9-уми март якбора боло рафта, 100 доллар ба 1300 сомонӣ баробар шуд.
Дар якмарка ё фурӯшгоҳи маводи мавриди ниёзи аввал дар бозори «Саховат» як халта орди 50-килоӣ бо 290 сомонӣ фурӯхта мешавад. Ин дар ҳолест, ки нархи он рӯзҳои гузашта 260 сомонӣ буд.
Ҳамчунин, тибқи иттилои расонаҳо, дар баъзе бозорҳои ноҳияҳои атрофи Душанбе як халта орди истеҳсоли Қазоқистон бо нархи аз 320 сомонӣ боло ба фурӯш меравад. Ин навъи орд то дирӯз бо 270 сомонӣ ба фурӯш мерафт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ