Орд 240 сомонӣ: Монополия ё омили дигар? (садо)

Нархи як халта орди 50 кило  дар Тоҷикистон ба 220-240 сомонӣ дакка хӯрд.  Ин  болоравӣ аксариятро нигарон ва ба таҳлука андохт. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардум эътироз доранд, ки чаро ниҳодҳои дахлдор пеши ин болоравиро намегиранд ва зимистони дар пешистодаро чӣ гуна паси сар мекунанд?

Соли болоравии нарх

Масъулини Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон ҳам  афзоиши қимати ордро тасдиқ кардаанд, аммо  инро аз омилҳои берунӣ вобаста медонанд.

Дилшод Музаффарзода, муовини якуми  Хадамоти зиддиинҳисорӣ далели ин вазъро чунин шарҳ дод: «Дар як сол аз Қазоқистон ба кишвар аз 700 ҳазор то 1 миллион тонна гандум ворид карда мешавад. Баъдан онро дар корхонаҳо орд мекунанд. Сабаби болоравии нархи орд дар Тоҷикистон афзоиши қимати гандум дар Қазоқистон аст. Нисбат ба соли гузашта нархи гандум дар Қазоқистон беш аз 20 дарсад афзудааст.»

Музаффарзода мегӯяд, ки дар бозор ба ғайр аз субъектҳое, ки ба коркард ва истеҳсоли орд машғул ҳастанд, инчунин, корхонаҳои дигар аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон барои ба эътидол овардани нарх вобаста гардидаанд. Масалан, Агентии давлатии захираҳои моддии назди Ҳукумати Тоҷикистон, ки  бевосита орду гандум ворид карда, дар бозорҳо арзонтар мефурӯшанд. Ба ин восита дар бозор рақобатро ба вуҷуд меоранд ва аз баландшавии беасоси нарх пешгирӣ мекунанд.»

Чун одат сокинони кишвар дастархони худро бе нон тасаввур карда наметавонанд. Тибқи маълумоти Агентии  омори Тоҷикистон, соли гузашта истеъмоли нон ва маҳсулоти нонӣ, ба ҳисоби миёна ба як узви хонавода беш аз 120 килоро ташкил додааст. Ин барои ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ хос аст.

Пешниҳод ба Ҳукумат: НДС-ро кам кунед!

Дилшод Музаффарзода мегӯяд, ҳоло ҷониби Тоҷикистон миқдори воридоти ордро кам карда, баръакс истеҳсоли онро афзоиш додааст. “Ин албатта, дар заминаи таъсиси корхонаҳои истеҳсоли орд аст.  Соҳибкорон танҳо гандумро аз Қазоқистон ворид мекунанд ва дар дохил истеҳсол мекунанд. Аммо ҳоло ҳам мо таҳти таъсири тағйирёбии нархи гандум дар Қазоқистон мондаем. Зеро истеҳсоли гандуми дохилӣ пурра талаботи дохилиро қонеъ намекунад.

Аз ин лиҳоз, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон ба Ҳукумати кишвар барои паст кардани нархи орд пешниҳод ироа кардааст. Аз ҷумла, ба воридкунандагони гандум барои истеҳсоли орд дар дохили кишвар, ки НДС 10% ро ташкил мекунад, коҳиш дода  шавад. Инчунин, комисссияи давлатии байни Тоҷикистону Қазоқистон гуфтушунид дошта, талош доранд, ки нархи гандумро   арзонтар диҳанд”-таҳқид дошт Музаффарзода.

Усмон Раҳимзода, “Тоҷикистон”  

Тафсилоти бештар дар  ҳафтаномаи  “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *