Орд дар кишвар камчин мешавад?

Тариқи телевизион хабар доданд, ки Қазоқистон ба содироти орду зироати ғалладона маҳдудият ҷорӣ намудааст. Оё ин маҳдудият сабаби камчин ва боз ҳам қиммат шудани нархи орд дар кишвар намегардад?

Аскар БОРОНОВ, сокини н. Муъминобод

Воқеан, Ҳукумати Қазоқистон тасмим гирифтааст, ки ба содироти зироати ғалладона ба муҳлати 2 моҳ (то 1-уми июн) дар ҳаҷми 1 млн тонна маҳдудият ҷорӣ мекунад. Ҳол он ки, Тоҷикистон зиёда аз 90% аз ҳаҷми умумии воридоти гандумро маҳз аз Қазоқистон мехарад. Соли 2021 Тоҷикистон аз ин кишвар ҳудуди 1 млн тонна гандум ворид намуд. Вале аз Ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, ки маҳдудияти Қазоқистон ба бозори Тоҷикистон таъсири зиёд намегузорад.

Ҳукумати Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳоро оид ба пешгирии хавфи имконпазири таъсири буҳрон ба иқтисоди миллӣ қабул кард, ки он ба таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввалия, аз ҷумла орд равона шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ҷумҳурӣ бо захираи кофии маҳсулоти хӯроквории зарурӣ таъмин аст. Танҳо дар соли 2021 ба маблағи ҳудуди 80 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ истеҳсол шуда, аз ҷумла ҳаҷми истеҳсоли орд 828 ҳазор тонна, гандум 876 ҳазор тонна, нон ва маснуоти нонӣ 415 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

Дар робита ба ин, захира ва иқтидорҳои ватанӣ талаботи бозори истеъмолиро ба нон ва маснуоти макаронӣ дар сатҳи лозим таъмин карда метавонанд.

“Дар баробари ин, воридоти гандум тибқи қарордодҳои амалкунанда аз шарикони тиҷоратӣ барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ дар ҷумҳурӣ бидуни монеа идома дорад”,- гуфтаанд дар Ҳукумати Тоҷикистон.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, имсол дар 611 ҳазору 797 гектар кишти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла дар зиёда аз 200 ҳазор гектар кишти зироати ғалладона пешбинӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *