Орди витаминдор мехурем, аммо нархаш чӣ гуна хоҳад буд?
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзои қарори Ҳукумат дастури техникӣ “Дар бораи бехатарии орди ғанигардонидашуда”-ро тасдиқ карда, 6 моҳ муҳлат дод, то ин қарор амалӣ шавад
Дастури техникии тасдиқшуда раванди истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, коркард ва нобудсозии орди ғанигардонидашуда бо витамину микронутриентҳоро танзим мекунад.
бо ниҳодҳои дигар барои татбиқи дастури мазкур чораандешӣ намояд.Қаблан дар Тоҷикистон қонун қабул гардид, ки тибқи он бо мақсади пешгирии бемориҳо бояд ба орд ва бархе анвои ғизои дигар витамину микронутриентҳо илова карда шаванд.
Аз ҷумла таъкид шуда буд, ки барои ҷилавгирӣ аз камхунӣ, норасоии оҳан, синк, витаминҳои гурӯҳи “В”, йод ва бемориҳои дигаре, ки бинобар норасоии микронутриентӣ ба маргу кретинизм меанҷоманд, ба орду дигар ғизоҳо микронутриентҳо илова мегарданд.
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, дастури техникӣ “Дар бораи бехатарии орди ғанигардонидашуда” бо мақсади таъмини ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти одамон ҳангоми истеъоли орди ғанигардонида ва пешгирӣ аз фиреби истеъмолкунандагон татбиқ мешавад.
Тибқи қонун “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо
маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда”, ки қаблан дар Тоҷикистон қабул гардида
буд, дар баробари орд, инчунин ғанигардонии маҳсулоти дигар, аз қабили қаннодӣ,
ширӣ ва ғайра пешбинӣ шудааст.
Таври маълум,
моҳҳои охир нархи орд дар мағозаю бозорҳо баландтар аз пешина буд. Оё чунин
намешавад.ки бо баҳонаи ғаниӣ гардонии орд бо витаминҳо тоҷирон нархи онро аз
ин ҳам болотар баранд?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ