Қорие, ки 5 ҳазор шогирд дошт, вафот кард
Абдулхолиқи Қумсангирӣ, яке аз машҳуртарин қориёни Тоҷикистон рӯзи 9 май дар бемористони Қарияи болои шаҳри Душанбе дар синни 65 аз олам чашм пӯшид.
Қорӣ Абдухолиқ рӯзи 6 май дар ноҳияи Тоҷикобод дучори садама шуда буд. Мошини «Мерседес”-е, ки ин рӯҳонӣ савори он буд, дар Тоҷикистон ба як сементи канори роҳ бархӯрд ва Қорӣ Абдулхолиқ дар натиҷаи он садама маҷрӯҳ шуд. Ӯро аз Тоҷикобод барои табобат ба Душанбе оварданд, вале табибон натавонистанд Қорӣ Абдулхолиқро аз марг наҷот диҳанд.
Эшони Қорӣ Абдулхолиқи Қумсангирӣ дар деҳаи Оқотуни ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Падари ӯ Эшони Абдурауф аз рӯҳониёни маъруфи замони худ буд.
Қорӣ Абдулхолиқ «Қуръон” ва ҳунари қироату тиловати ин китоби муқаддасро пеши Қорӣ Абдулмӯбини Андиҷонӣ омӯхтааст.
Қорӣ Абдулхолиқро устоди қориёни тоҷик мешинохтанд. Ӯ беш аз 5 ҳазор ҳофизи комили «Қуръон”-ро тарбият кардааст, ки дар байни онҳо машҳуртарин қориёни имрӯзаи Тоҷикистон, аз ҷумла Қорӣ Сиратуллоҳи Элокӣ, Қорӣ Муҳаммадсаиди Панҷӣ ва додари худи Қорӣ Абдулхолиқ – Қорӣ Муҳаммадайюбро метавон ном бурд.
Қорӣ Абдулхолиқ чанд соли охир баъди як инсулт як тарафи баданаш хуб кор намекард ва ба мушкил, бештар бо кумаки дигарон ҳаракат мекард.
Аз вай 12 фарзанд – 7 писар ва 5 духтар – монд. Ҳамаи фарзандони Қорӣ Абдулхолиқ ҳофизони пурраи «Қуръон”-анд. Як писари ӯ Қорӣ Сиратуллоҳ аст, ки дар чандин озмуни байналмилалии қориёни «Қуръон” пирӯз шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ