Чаро тоҷикон ба аврупо фирор мекунанд?

Туркия барои бори аввал дар бораи боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо киштӣ тавассути обҳои баҳрии Туркия мехостанд ба Аврупо паноҳ бубаранд, хабар додааст. Бино ба оморҳо, дар ду соли охир то 4 ҳазор аз зодагони Тоҷикистон ба Аврупо паноҳ овардаанд.

Нерӯҳои баҳрии артиши Туркия хабар доданд, ки дар тӯли соли 2016 қариб 38 ҳазор нафар дар обҳои баҳрии ин кишвар дастгир шудаанд. Аксарияти кулли онҳо паноҳҷӯёне будаанд, ки тавассути киштӣ мехостанд худро ба Аврупо бирасонанд.

62 дарсад ё қариб 23 ҳазор нафар аз паноҳҷӯёни дастгиршуда дар обҳои баҳрии Туркия зодагони Сурия будаанд, ки мехоҳанд аз ин кишвари ҷангзада ба ягон мулки обод паноҳ баранд.

Аммо бино ба гузориши нирӯҳои баҳрии Туркия, дар соли 2016 дар обҳои баҳрии ин кишвар дар байни паноҳҷӯён шаҳрвандони Тоҷикистон низ дастгир шудаанд. Ин гузориш мегӯяд, ки дар соли гузашта 2 шаҳрванди Тоҷикистон як нафар аз Туркманистон низ талош кардаанд, тавассути киштӣ аз Туркия ба Аврупо паноҳ бубаранд, вале дар марзҳои обии Туркия дастгир шудаанд.

То кунун дар бораи ба Аврупо паноҳ бурдани садҳо зодаи Тоҷикистон гузориш шудааст, вале аксари онҳо барои расондани худ ба қаламрави Иттиҳоди Аврупо аз қаламрави Украинаву Беларус ва кишварҳои соҳили Балтик, асосан Литва ва Латвия, истифода мебурданд.

Раванди худро ба Аврупо задани Тоҷикистон бахусус дар якуним соли охир, дар пайи саркӯби ошӯби мусаллаҳонаи генерал Абдуҳалим Назарзода ва манъи фаъолияти ду созмони мухолифи ҳукумати ин кишвар – ҳизби наҳзати исломӣ ва «Гурӯҳи 24” авҷ гирифт.

Идораи муҳоҷирати Полша мегӯяд, дар тӯли соли 2015 ва се моҳи аввали соли 2016 аз ин кишвар ҳудуди 1200 шаҳрванди Тоҷикистон дархости паноҳандагӣ кардаанд.

Созмони ҳомии ҳуқуқ – Human Rights Watch – ҳафтаи гузашта дар як гузориш гуфт, садҳо талабгори дигари паноҳандагӣ дар Аврупо аз Тоҷикистон дар марзи Беларус бо Полша дармондаанд ва мақомоти Полша танҳо 10 дарсади дархости паноҳандагии тоҷикҳоро қабул мекунаду халос.

Бино ба оморҳо, дар ду соли охир тақрибан 4 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон ба Аврупо паноҳ овардаанд. Аз ҷумла ҳудуди 2000 нафар дар Полша, ки бо кишварҳои пасошӯравии Беларус ва Украина марзи мустақим дорад, сарпаноҳ ёфтаанд.

Вале ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки аксари ин паноҳҷӯён дар Полша дар шароити беҳуқуқӣ қарор доранд ва мақомоти ин кишвар хеле ба сахтӣ ба паноҳҷӯёни тоҷик мақоми расмии паноҳанда медиҳад.

Аксари онҳое, ки бо дархости паноҳандагӣ ба кишварҳои Аврупо муроҷиат мекунанд, худро аз аъзо ва ҳаводорони созмонҳои мухолифи ҳукумат, аз ҷумла ҳизби наҳзати исломӣ ва «Гурӯҳи 24” ном мебаранд ва мегӯянд, ки дар Тоҷикистон таҳти таъқиб қарор гирифтаанд.

Аммо мақомоти Тоҷикистон чандин бор дар ин робита гуфтаанд, ки бахши аъзами ин паноҳҷӯён дар ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар ба Аврупо рафтаанд ва дар асл ба зиддашон дар Тоҷикистон ягон парванда нест ва касе ҳам онҳоро таъқиб намекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *