Орумбекзода: Ба 100 доллар арақ мехараду ба 20 сомонӣ китоб не

Вазири фарҳанги Тоҷикистон аз вазъи бади гардиши бозори китоб дар кишвар изҳори нигаронӣ кард.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон аз вазъи бади гардиши бозори китоб дар кишвар изҳори нигаронӣ кард.

Шамсиддин Орумбекзода дар нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе гуфт:  “Мо дар хазинаи нашриёти “Адиб” қариб 5 миллион китоб дорем, аммо гардиши китоб хеле суст буда, фуруши он ба кундӣ пеш меравад. Ҳамарӯза даҳҳо ташкилот ба мо муроҷиат мекунанд, ки барояшон ройгон китоб диҳем, аммо мо чунин имкон надорем. Китоб бояд ҳамчун мол дар бозор гардиш кунад”.

Вай дар посух ба иддаои  гарон будани нархи китобҳо гуфт, ки китобҳои мо гарон нестанд. Масалан, як китоби Носири Хусрав 22 сомонӣ арзиш дорад. “Ин чӣ пул аст? Сари ҳар қадам мағозаҳои машрубот фаъолият дорад, як шиша арақи навъи олӣ то сад доллар арзиш дорад. Мардум мехаранд, аммо китоб намехаранд”-афзуд вазири фарҳанг.

Ҳамчунин Орумбекзода гуфт, ки роҳҳои нав ба нави тарғиби китобро меҷӯяд ва пешниҳод кард, ки дар назди ҳар як масҷид мағозаи китоб боз шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *