«ORVIGA» ва “Адл” дар Истаравшан маҳсулот истеҳсол мекунанд

Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода якҷо бо роҳбари гуруҳи корӣ, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳафиз Ашурзода бо оғози корҳо барои бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, мошинаи ҷомашӯӣ ва дигар таҷҳизоти техникӣ, ки бо бренди «ORVIGA» истеҳсол мегардад, шинос шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан, корхонаи мазкур аз ҷониби ҶДММ «ORVIGA» дар масоҳати зиёда аз 2 гектар бунёд гардида, дар рафти сохтмон наздики 20 нафар сохтмончиён бо ҷойи корӣ ва пас аз мавриди истифода қарор додани марҳилаи якум наздик ба 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Маҳсулоти корхона воридотивазкунанда буда, метавонад бо нархҳои дастрас вориди бозор гардад.

— Ҳамзамон, раиси шаҳри Истаравшан якҷо бо роҳбари гуруҳи корӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли мебели кӯдакона ва ашёи ба он зарурӣ, ки аз ҷониби соҳибкор Умаров Мансур бо бренди «Адл» истеҳсол мешавад, шинос шуданд. Тавре аснои боздид иттилоъ дода шуд, таҷҳизоти корхона аз хориҷи кишвар харидорӣ гардида, рӯзҳои наздик васл ва мавриди истифода қарор дода мешавад. Баъди ба кор даромадани корхона то 40 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки инчунин, аз ҷониби соҳибкор Мансур Умаров мавзеи бунёди корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти техникии барқӣ муаррифӣ гардида, рӯзҳои наздик баҳри бунёди корхонаи мазкур низ корҳои сохтмонӣ оғоз мегарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *