Орзу Исоев:Қадами Қурбон тавоност!

Қадами Қурбон хеле тавоност! Тавонист, ки оромиши хелеҳоро барҳам занад ва ба зиндагии якрангу якнавохти бархеҳо шӯру шубоб бахшад. Қадам ба он хотир тавоност, ки шумо роҷеъ ба ҳарфу ҳиҷову сару сомонаш лаб кушода, барномаи рӯзмарраи худро як тараф партофтаед.

Тавоност ба он далел, ки гирди номаш аз лабу даҳани шумо ҳангома мерезад. Қадам дар ҷодаи ҳунари худ, ки албатта жанри вижа ва бахши алоҳидае дар адабиёт ва санъат аст, ҳунармандона қадам мезанад. Ба доноҳо тавсия медиҳам, ки ба жанрҳои эпиграмма, фолклор, ба шансон ва ғайра аҳамият диҳанд. Касоне, ки тарафдори аршади ҳунари классикӣ ё академикиянд, ё равияҳои суннативу эстрадиву академикиро муаррифӣ мекунанд, бовар кунед, дар нокомиҳо, толорҳои холии шумо, дар вомондагии шумо Қадами Қурбон гунаҳкор нест. Медонам, ҳоло менависед, ки завқи мардум паст шудааст, аммо ин дурӯғи маҳз аст. Завқи мардум на паст, на боло, на чап ва рост аст. Завқ як ҳисси хусусист. Онро наметавон бо як формула ба чолиш кашид. Завқи одамон ҳамеша гуногун, рангоранг ва тағйирёбанда аст. Ба ҳар далоил агар боз ҳам гуфтаҳоямро инкор кунед ва боз ҳам мардуми фақат Тоҷикистонро ба безавқӣ таъна бизанед, марҳамат, ҳунари волоятонро тавассути пуртамошобинтарин захирагоҳҳои интернетӣ (ютуб, инстаграм, твитер, фейсбук ва ғайра) ба одамони дунё пешкаш кунед. Мутмаинам, бархеро саг тамошо намекунад. Агар мо — тоҷикистониён безавқем, миллиард-миллиард одамони рӯи дунёро ба безавқӣ муҷрим донистанатон бояд боиси шармсориятон бошад! Ройгон аст! Интернет бо сомонаҳои иҷтимоӣ имконияти баробар ба ҳамаи одамони дунё додааст. Ҷилва занед, бидурахшед, бисароед, бирақсед! Ҳар коре, ки мехоҳед, бикунед! Фақат даст аз сари як ҳунарманди дилсофу дилҷӯ бардоред! Чаро аз гиребони Малахов намегиред? Зӯратон намерасад! Малахов рост дар даҳани гапзан мекӯбад. Малахов як сӯ, чаро аз мансабдорони масъул намепурсед, ки бузгургони ҳунар барои чӣ дар барномаи Малахов нестанд? Аслан каме масоҳати дарк ва қабули оламу одамро дар зеҳни худ фаротар аз ҳудуди завқи худатон кунед, зеро дунё ҳеч вақт бо завқи як ё якчанд нафар чарх намезанад. Оқои Интернет низ ҳаминро хуб дарк карда, ки барои ҳама имкони баробар медиҳад, аммо интихоб аз мост. Чизе писандам нест, тамошош намекунам! Тамом! Мисли Қадам овозхонҳои шӯху базлагӯ дар сартосари шаҳрҳои Теҳрон, Порис ва Кобулу Ню Йорк ҳастанд, ки таронаҳои кӯчабоғиро дар жанри фолк мехонанд ва онҳо роҳи касеро набастаанд. Санъаткорони асил ҳамеша дар дилҳои мардум ҷо доштанду доранд. Бинед, Гугуши 70-сола то ҳол ҷаҳонро бо ҳунараш такон медиҳад ва Қадам ин ҷо чӣ дахл дорад? Далер Назаровро ҳама дӯст медоранд ва Қадам ин дӯстдориҳоро аз байн набурдааст! Нигина Рауфова то охирин рӯзи ҳаёташ дар инҳисори муҳаббати мардум буд. Шодравон Зафар Нозимов то пиронсолӣ болонишини маҳфилҳо буд ва Қадам ин дилбастагиҳоро кашида нагирифт. Касе агар аз байни мову шумо муваффақ нест, қасам ба номи Ҳунар, Қадам гуноҳе надорад. Фотеҳи саҳнаҳои ҷаҳонӣ бошед! Мисли Гугуш, Ҷексон, Пиаф, Фреди, Хюстон ва садҳо ҳунармандони барҷастаи олам дунёро бо ҳунари худ мусаххар кунед! Ливо дар дастатон, азизонам! Фақат раҳо кунед гиребони Қадами Қурбонро!

Орзу ИСОЕВ,

журналист ва шоир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *