Орзуи Чарлз Оливейра дар муҳорибаи навбатиаш
Варзишгари бразилиягӣ Чарлз Оливейра, ки 21-уми октябр бо чемпиони UFC дар вазни сабук Ислом Махачев муҳорибаи такрорӣ мегузаронад, дар як суҳбат фикрашро гуфт.
Чарлз Оливейра ба андешаест, ки дар муҳорибаи аввалаш бо Ислом Махачев, ки мағлуб шуда буд, малакаҳояшро пурра нишон дода натавонистааст. Акнун, дар муҳорибаи навбатӣ тайёрии хуб дида истодааст ва боварӣ дорад, ки камарбанди чемпиониашро бармегардонад.
— Ислом Махачев бешубҳа варзишгари хуб аст ва лоиқи ситоиш мебошад, вале ман орзу дорам, ки боз чемпион шавам, камарбандамро баргардонам. Дар муҳорибаи такрориамон ҳама кори аз дастам меомадаро анҷом медиҳам, то ки ӯро шикаст диҳам,- мегӯяд Оливейра.
Чарлз Оливейра илова мекунад, ки мехоҳад бо амалӣ кардани орзуи чемпиониаш ба кулли кӯдакону наврасон нишон диҳад, ки орзу кунанд ва барои расидан ба орзуяшон кӯшиш намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ