Исроил таркиши пейҷерҳоро дар Лубнон ба зимма гирифт
Сухангӯи сарвазири Исроил Бинёмин Нетаняҳу тасдиқ кард, ки вай барои анҷом додани амалиёт бо пейҷерҳо дар Лубнон иҷоза додааст.
Дар ин амалиёт дастгоҳҳо асосан аз ҷониби аъзои “Ҳизбуллоҳ” истифода шудаанд ва сабаби таркишҳо дар Байрут ҳамлаи бузурги хакерҳои исроилӣ будаанд.
Бояд гуфт, ки ин ҳодиса тақрибан ду моҳ пеш рух дода, дар байни захмиён сафири Эрон бо оилааш низ буданд. Баъд аз ҳодиса дар беморхонаҳои шаҳр қариб ягон ҷои холӣ боқӣ намонда захмиёнро дар рӯи замин ҷойгир карда буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ