Осетияи Ҷанубӣ чӣ тавр метавонад ба ҳайати Русия шомил шавад?

— Ба андешаи ман, вақте ки тамоми расмиятҳои ҳуқуқӣ риоя мешаванд, барои амалӣ намудани орзуи пешинаи сокинони Осетияи Ҷанубӣ ва ба ҳайати Федератсияи Русия табдил шудан монеаҳои ҳуқуқӣ вуҷуд надоранд. Мо мунтазири онем, ки ин расмиёт мегузарад,- гуфт Андрей Климов, узви Шӯрои Федератсия.

Вай таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки қонунгузории Русия тартиби қабули давлатҳо ё қисмҳои давлатҳои хориҷиро ба Русия ҳамчун субъектҳои Федератсияи Русия пешбинӣ мекунад.

— Пеш аз ҳама иродаи халқи осетинро ифода кардан лозим аст ва ин бо роҳи референдум имконпазир аст,- қайд кард сенатор.

— Ҷумҳурии Осетияи Ҷанубӣ барои дар ояндаи наздик ба Федератсияи Русия табдил шудан чораҳои қонунӣ меандешад,- гуфт президенти ҷумҳурӣ Анатолий Бибилов бо истинод ба хадамоти матбуоти «Русияи воҳид».

Бояд гуфт, 19-уми январи соли 1992 дар Осетияи Ҷанубӣ раъйпурсӣ баргузор шуда буд, ки дар он 99,9% иштирокдорон аз истиқлолияти Ҷумҳурии Осетияи Ҷануби ҷонибдорӣ ва қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Осетияи Ҷанубиро тасдиқ карданд. Шӯрои ҷумҳурии Осетияи Ҷанубӣ ба Русия ҳамроҳ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *