Қадами номуборак. Пан Пономарев аз Тоҷикистон чӣ мехоҳад?

Ҳикояи Яҳё ва Мадёрро аз китоби хониши синфи чор дар ёд доред? Хирсе ба дунболашон  меафтад. Онҳо фирор мекунанд. Аз қазо Мадёр пешпо мехӯраду меафтад. Яҳё мегурезад ва худро болои дарахте мегирад. Хирс Мадёри паруафтодаро бӯй мекашад ва пас мегардаду ба роҳи худ меравад. Пас аз рафтани хирс Яҳё назди Мадёр меояд ва аз ӯ мепурсад:

  • Хирс ба гӯшат чӣ гуфт?
  • Хирс гуфт, ки аз оне, ки дар сахтӣ туро танҳо мегузорад, дар андеша бош!- мегӯяд Мадёр.

Банда бо «Комсомольская правда» таҷрибаи 10 солаи ҳамкорӣ дорад. Гузашта аз ин, нахустин таҷрибаи рӯзноманигориро замони Шӯравӣ дар ин рӯзномаи муътабар гирифтааст ва аввалин мақолаҳояшро низ дар он чоп кардааст. Аз ин ҷост, ки аз соли 2006 дар асоси шартнома «Комсомольская правда»-ро дар Тоҷикистон чоп мекунад.

«Комсомольская  правда» дар қатори «Аргументы и факты»   серхонандатарин рӯзнома дар Русия ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд ки  дунболи ҳангома гаштан онро ба “Bild” наздик ва боиси костагии эътибор ва теъдоди зиёди хонандагони соҳибмаърифаташ гаштааст. Шояд ба ин панмуаллифон, ки  дар зоҳир ширину дар ботин пур аз музахарафот сабаб гашта бошанд. Ҳоло сухан аз рӯзнома не, аз сомонаи «kp.ru» меравад, ки мустақил аст ва гӯё иртиботе бо “Комсомольская правда” надорад. Дар ин сомона рӯзи шанбе, таърихи 18 июли соли 2016 мақолаи ПАН Пономарев  бо номи “Таджикистан: из советского прозябания в светлое будущее” (Тоҷикистон: аз фаромӯшии шуравӣ то ояндаи дурахшон) интишор мегардад. Чаро ПАН аз мутолиаи ин матлаб хонандаи закӣ дармеёбад. Бале, он ба  ман хуш наомад. Ҳам аз нигоҳи касбӣ ва ҳам ахлоқ. Он таҳқири миллати тоҷик  аст. Аввалин андешае, ки ба сарам зад, иртибот гирифтан бо роҳбарияти он буд. Зеро қаблан банда бо ҳайати таҳририяи  рӯзнома суҳбате дошт ва мавзуи таҳқири беасоси муҳоҷирони тоҷикро дар саҳифаҳои ин нашрия мавриди гуфтугӯй қарор дода буд. Албатта,  муроҷиати ман бар он асос буд, ки идораи нашрияи мо шарики «Комсомольская правда» буд ва даҳ сол аст, ки онро нашр ва дар Тоҷикистон паҳн мекунам. Ҳарчанд рӯзи шанбе буд, бо яке аз роҳбарони нашрия телефонӣ дар иртибот шудам ва барояш изҳор намудам, ки ин мақола таҳқири миллати тоҷик аст ва дар сомона роҳ ёфтани он берун аз ахлоқи рӯзноманигорист. Ӯ дар мавриди мақолаҳои шӯрангез ва пурдасисаи ин муаллиф аз дигар кишварҳо шикоят кард ва гуфт,  интизор надошт, ки нисбати Тоҷикистон низ ӯ чунин муносибат мекунад. Дар пайомади сухан гуфтам, ки таҳқири миллатею шӯр андохтани мардум кори носавоб аст ва ин мақола аз саҳифаи сомона бардошта шавад, бар манфиати рафоқат миёни мардуми ду кишвар аст. Ҳамсуҳбати ман изҳор кард, ки аз сомона гирифтан дар салоҳияти сармуҳаррир В. Сунгоркин аст ва ӯ ҳоло дар кадом ҷазирае истироҳат дорад. Ба ҳар сурат хоҳиши маро тавассути почтаи электронӣ ба мавсуф мерасонад. Соате чанд мунтазир шудам ва дубора занг задам. Ӯ гуфт, ки ҳанӯз посух наомадааст, чун омад бо ман иртибот мегирад. Пай бурдам, ки ин ҷо зери коса нимкосае ҳаст. Тибқи маълумоти баъзе аз ҳамкасбонам аз «Комсомольская правда», мақола барвақт тайёр шуда буд, вале баъди ба рухсатӣ рафтани сармуҳаррир ва боз соати яки шаби вақти Маскав аз ҷумъа ба шанбе рӯйи сомона омаданаш боиси андеша гардид. Ба зангҳои баъдии телефонии ман дигар касе гӯшакро боло накард. Чунин ҳолат боре бо «Аргументы и факты» низ ба миён омада буд, аммо баъд аз 15 дақиқаи муроҷиати мо онро аз сомона бардошта буданд. Ин аз рӯйи ойини шарикӣ, ҳамкорӣ буд.

Вале дар мавриди «Комсомольская правда» фаромӯш гаштани ойини ҳамкорӣ маро нороҳат кард ва рӯзи душанбе ба унвони роҳбарияти «Комсомольская правда» нома навиштам, ки аз чопи рӯзнома худдорӣ мекунам. Ин амбитсия набуд. Ин мавқеи ман ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон буд.

Нигоҳи  ПАН Пономарев                                

Маънии луғавии Пан- бой, феодал ва дигар мазмунҳои ба ҳамин наздик. Ҳарчанд олуфтасатанг кӯри худу бинои дигарон аст, аз ҳамин  «баландӣ» ба мардуми тоҷику ӯзбеку украину гурҷию латиш дар қайдҳои сафараш ба ин кишварҳо назар меандозад. Мақолаҳои ҳамсони мақолаи мазкур навиштаи ӯро дар бораи Ӯзбекистон, Қирғизистон, Молдова, Украина, Литва мутолиа кардам. Аз нигоҳи ӯ муҳоҷирони тоҷику ӯзбеку  қирғиз ҳашароти дар чирк ғӯтида, мардуми дур аз маданият афтода, латишҳою молдованҳою украинҳо аз ҷумлаи мардуми ноқисанд. Аз ин ҷост, ки ба ҳар кишваре, ки ӯ сафар мекунад,  дигарбора дарҳои он кишвар барояш баста мегарданд. Фиристодани нота баъд аз мақолаҳои ӯ ба ҳукми анъана даромадааст.

Албатта, чунин сафарҳо ва чунин мақолаҳо беҳуда рӯйи кор намеоянд. Дарёфти асрори  рӯйи чоп омадани онҳо ҳам содда нест. Аммо дар ҳар навишта лаҳзаҳо, сатрҳое ҳастанд, ки парда аз рӯйи ин асрор мебардоранд. Дар ин хусус баъдтар. Ҳоло

БОИСИ ИЗТИРОБ ЧИСТ?

Бисмиллоҳи мақолаи ПАН Пономарев баробари ба хоки Тоҷикистон фуруд омадан ба чашмаш афтодани Равшану Ҷумшедҳо буд. Биёед, аз забони ӯ ба нигоштааш назар меандозем: «Северную столицу Таджикистана и второй по численности город страны, из славянских лиц светит разве что моя единственная физиономия. В остальном сплошные Равшаны и Джамшуты». Ӯ ба Тоҷикистон ҳамчун кишвари образи манфии аз қаъри Русия баромада – Равшану Ҷумшед назар меандозад. Истифода аз ин образи манфии тамасхуромез бас буд, ки идораи сомона сари чопи он ба андеша равад. Вале ин кор сурат нагирифт. Зеро бо супориши редаксия ва шояд супориши махсуси дигар ва аз эҳтимол берун нест, ки барои санҷидани осебпазир будани мардуми тоҷик ин сафару ин мақола рӯйи кор омада бошад. Дар чунин маврид шарики стратегӣ будани Тоҷикистон ба гӯшаи фаромӯшӣ афтода аст. Албатта, дунё дунёи манфиатҳост. Аммо манфиате, ки бар зарари дигаре, хоҳ шахс аст ва хоҳ давлат бошад, наметавонад ҳадафрас бошад.

Мактабҳои русиро дар Тоҷикистон бандед

Ин хулоса аз мақолаи Пан Пономарев бармеояд. Ӯ менависад: « А нужна ли вообще русская школа здесь? Есть ли смысл тратить деньги на содержание педагогического коллектива и обучение детей в лучшем случае из смешанных, но в большинстве таджикских семей?»
Аз нигоҳи ӯ боз ҳам ин мактабҳо замина барои сафарбар гаштани гастрабайтерҳои тоҷик ба Русия мегарданд. Ин андеша замоне изҳор мегардад, ки Чин омода аст дар марказҳои 67 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ аз ҳисоби худ мактабҳои муосири муҷаҳҳаз созад ва танҳо соате ҳам бошад забони чиноӣ таълим дода шавад. Ин андеша замоне баён мешавад, ки вазири маорифи Русия изҳори нигаронӣ кардааст, ки мактабиёни тоҷик забони русиро хуб намедонанд ва таълими он бояд беҳтар ба роҳ монда шавад. Албатта,  ба ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад. Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид  дар соҳаи маориф Русияро шарики стратегӣ медонад ва дар баҳсе бо ҳамтои русиягии худ Ливанов Дмитрий гуфтааст, ки омода ҳаст дар макотиби русзабони Тоҷикистон таълимро дар асоси барномаҳои русӣ тақвият бахшад. Аммо мушкилоти китобҳои дарсӣ ва омӯзгорони русзабон дар миён аст. Ва дар ин маврид зарурат ба кумаки Вазорати маорифи Русия дорад. Аммо то ҳануз посухи ин гуфта ду лаби дӯхта аст. Ҳоло дар Тоҷикистон 167 мактаби русӣ ва дорои синфхонаҳои русӣ фаъолият доранд. Тоҷикистон хилофи навиштаҳои Пан Пономарев дар ин мактабҳо шароитеро муҳайё сохтааст, ки замони Шӯравӣ дар орзуяш буданд. Аз 80 000 кӯдаке, ки дар кӯдакистонҳо фаро гирифта шудаанд, 14 000 нафарашон ба русӣ таълим мегиранд. Дар қиёси дигар кишварҳо Тоҷикистон мактабҳои русиро набастааст, балки бо вуҷуди кам будани шумораи русҳо теъдоди мактабҳои русӣ меафзояд. Пан Пономарев фармӯш кардааст, ки сарҳади Русияро забони русӣ медонанд. Вале аз навиштаҳояш бармеояд, ки ӯ ба чунин сарҳад манфиатдор нест. Ташаккур ба кишварҳо ва созмонҳое, аз ҷумлаи Чин, Ҷопон, Амрико, Олмон ва дигар кишварҳо, ки  дар рушди маориф ба Тоҷикистон беғаразона дасти кумак дароз мекунанд. Пан Пономарев аз ҳадди эътидол берун рафта, менависад: «Но ведь и в отношении российской помощи Таджикистану подход такой же: «Вы нам дайте – и забудьте!..». Аҷабо, чаро Пан Пономарев аз номи давлати Русия ҳарф мезанад. Магар касе ба ӯ чунин салоҳиятро додааст?  Агар мақсад аз додан тела кардан бошад,  ин сабки кишваре нест, ки даъвои нуфузу абарқудратӣ дорад. Ҳар бурд бохт дорад. Ба хотири бурде мебояд  аз бохте чашм пӯшид.

Айб дар ош аст ё  мош?

Ин мавзуъ барои Пан Пономарев чун скинхедҳо дарднок аст. Ҳатто ӯ ба мафҳуми “тӯдаи заҳматкаш” бо таҳқир менигарад.
«Теперь прикид Равшана и Джамшута сильно поменялся. Серая трудовая масса осталась такой же серой, но переоделась в дешевые китайские джинсы, фальшивые кроссовки…».  Албатта, ҳама чун ин олуфтасатанги дар ҷануби Русия — Урал ба дунё  омада, Пан буда наметавонанд. Албатта, рӯзноманигори асил ва бохабар аз одоби рӯзноманигорӣ аз чунин гуфтор худдорӣ мекунад. Тасвири либосу аҷноси, бигзор ғарибонаи дар тану даст доштаи  тоҷикон, ҳосили арақи ҷабини онҳост. Ҳудуди чор сол қабл “Комсомольская правда” матлаберо дар бораи гастарбайтерҳо ба чоп расонида буд, ки ҳосили заҳмати онҳо барои Русия $100 миллиард фоида меорад. Аз ин миқдор шояд ҳамагӣ 3% ба дасти ин тӯдаи заҳмат мерасид.

Ба Русия афтодани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ҳам ба гуноҳи онҳо нест. Замоне онҳо дар як давлати яклухт бо номи СССР зиндагӣ доштанд. Ва ин давлат иқтисодиётро тарзе ба роҳ монда буд, ки сокинони бисёрмиллати он чун узвҳои як тан аз нигоҳи иқтисодӣ ва идеологӣ ба ҳам пайванд буданд. Пош хӯрдани он аз дасти Пан Пономаревҳо низоми ягонаро шикаст ва чун дар тамоми дунё мардуми тоҷикро ҳам пушти дарёфти қути лоямут ба кишвари Русия бурд. Гуноҳи онҳо дар чист, ки тамоми дороӣ, корхонаҳо дар Русия ҷамъ омада буданд. Пас мебояд айбро дар ош ҷуст, на дар мош. Ҳафтод соли СССР мардуми тоҷик зиндагии хуб доштанд, аммо имкони омӯхтан ва тадбиқи давлатдории миллӣ, даст ба илмҳое задан, ки дар ин самт  мусоидат ба рушди Тоҷикистон мекунад, надоштанд. Оқибат, ки Пан Пономаревҳо онҳоро дар нимароҳ гузоштанд, ба худ омаданд ва донистанд, ки сарнавишти ҳар миллат кори дасти ҳамон миллат аст.  Ҳоло ки роҳи худро пайдо кардаанд, идораро ба даст гирифтаанд, хуб аст ё бад, бо мағзу дасти худ месозанд, обод мекунанд Пан Пономаревҳо бонги изтироб мезананд. Як масали хуби тоҷикиро набояд фаромӯш кард: “ Як душмани  доно, беҳ аз сад дӯсти нодон”. Дар паҳлуи миллати бузурги рус қарор доштани миллати бомаърифат ва бунёдкори тоҷик ҳаргиз бар зарар нест. Давлати дӯст бояд мададгор бошад, агар мададгор нест, лоақал халалкор набошад.

Муҳоҷирати меҳнатӣ танҳо хоси давлатҳои собиқ СССР нест. Ба Аврупою  Амрико нигаред. Дар Олмон беш аз 4 миллион муҳоҷири турк, дар Амрико ҳамин миқдор  эрониёни муҳоҷир зиндагӣ дорад. Дар Аморати Муттаҳидаи Араб 90% сокинонаш муҳоҷиранд. Вале ин кишварҳо оҳи пурдарди Пан Пономаревҳоро надоранд. Чаро? Аҷаб таззоде.

Пономарфар

Ин ном ба Пан Пономарев шинамтар мебуд. Аммо ӯ ва сокинони Тоҷикистон, билхоса руснажодонро ба иваз кардани ному насаб касе водор насохтааст. Ин маҷбурӣ нест, кори шахсии ҳар фард аст. Номҳое, ки хоси тоҷикон набуданд, тоҷикӣ шуданд, чӣ магар давлат, миллати мустақил чунин салоҳиятро надорад? Магар миллӣ будани ному насаб латма  ба эътибори миллати дигар мерасонад? Чаро Пан Пономарев аз ин фоҷиа месозад? Ҳол он ки дар Тоҷикистон мардум ба забони русӣ ҳарф мезананд, дар мактабҳо ба забони русӣ дарс мегузаранд, забони русӣ мақоми муоширати байни миллатҳо буданро ҳанӯз аз даст надодааст. Шояд ин нешандозиҳо аз муқтазои табиати муаллиф бошад? Охир Пан Пономаревро чӣ кор аст, ки дар давлати соҳибистиқлол чи ному насабею чи расму русумеро ба роҳ меандозанд. Чаро ӯ мехоҳад, ки тоҷикон мисли ӯ либос пӯшанд ва мисли ӯ андеша ронанд, мисли ӯ ному насаб дошта бошанд?

Як моҳ баъд Тоҷикистон 25-солагии соҳибистиқлолиашро ҷашн мегирад. Албатта, дар ин арафа мақолаи Пан Пономарев заҳр дар ҷоми нӯшбоди ҷашни истиқлолият чаконидан буд. Аммо миллати соҳибистиқлоли тоҷик ин заҳрро чун нӯшдору қабул дорад. Ҳар қадар душманони тоҷикон зиёд шаванд, ба ҳамон андоза ин миллат муттаҳид мегардад. Ба лаҳни тоҷикӣ баргардонидани ному насаб ин маънии дурӣ ҷустан аз миллат ва давлати Русияро надорад. Ман чунин гумон мекунам. Ҳар қадар миллатҳо гуногун, ба эҳтироми ҳамдигар расанда ва холӣ аз ғараз бошанд, ба ҳамон андоза дӯстӣ қавитар  мегардад. Тоҷикон дар ҷашни истиқлолият ҷоми дӯстӣ, ҳамзистӣ, эҳтирому садоқат боло мекунанд.

КӮРИ ХУДУ БИНОИ ДИГАРОН

Миёни мақолаҳои Пан Пономарев ягон матлабе дар бораи аз байн бурдани ду рамзи Русия дар пойтахти ин кишвар – меҳмонхонаҳои «Москва» ва «Русия» пайдо накардам. Аммо Пан Пономарев барои раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дастур медиҳад, ки ӯ хато меравад, биноҳои маркази шаҳрро вайрон накунад, ба ҷой         и онҳо биноҳои муҳташами ҳозирзамон насозад. «Қасри миллат»,  «Китобхонаи миллӣ», «Кохи наврӯз», парчами парафшони Тоҷикистон, умуман ҳар он чи ки нав аст, ба ӯ писанд нест. Пан Пономарев мехоҳад, ки ҳама дар услуби замони СССР боқӣ монад ва тоҷикон дар хонҳои похсагӣ меҳмонони азизашонро пешвоз гиранд. Гузашта аз ин, ба давлатдорони тоҷик интиқод мегирад, ки чаро чиниҳоро дар заминҳои кишоварзии Тоҷикистон роҳ медиҳанд. Ӯ дар гуфтор ва навиштаҳояш фиристодаи махсуси КМ Партияи Коммунистии Иттифоқи Советиро  пеши  назар меорад. Ӯ ҳатто аз додани дастур ба роҳбарияти кишвараш дар мавриди иваз кардани сарвари давлати тоҷикон худдорӣ намекунад. Ин ҳама касро ба ҳайрат ва ваҳшат меорад. Ӯ ҳатто дар мавриди роҳи пулакӣ миёни сокинони Шимол ва Ҷануби Тоҷикистон мехоҳад нифоқ андозад. Пан Пономарев дар мақолаҳояш ба дигар давлатҳои мустақил — Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Молдавия, Украина, Литва  чунин  муносибат кардааст. Дуруст аст, ки қисме аз роҳбарони «Комсомольская  правда» ӯро рӯзноманигори номуваффақ ном мебаранд ва дар мақолаҳояш ноҳақ буданашро зикр мекунанд. Аммо сомонаи «Kp.ru» моли «Комсомольская правда» аст. Магар «Комсомольская правда» ҳам дар ҳамин мавқеъ аст?

АКСИ ХАР

Ҳангоми мутолиаи мақолаҳои Пан Пономарев маро як манзара – аксҳои ӯ бо хар ҷалб ва ором  намуд. Хоҳ дар Тоҷикистон, хоҳ дар Ӯзбекистон, хоҳ дар Қирғизистон ӯ сар ба сари хар гузошта,  акс бардоштааст. Дарк кардани он, ки ин тасодуф аст ё камоли ҳамназарӣ душвор нест. Табиати ӯро ба худаш во мегузорем. Дар ин қазия ман танҳо аз як чиз нороҳатам – маҳрум гаштани хонандагон  аз мутолиаи рӯзномаи дӯстдоштаашон «Комсомольская правда» дар Тоҷикистон.  Навиштаҷоти Пан Пономарев садои ҳамон вафодореро ба хотир меорад, ки аз дунболи корвон садо баланд месозад. Албатта, агар аз паси ин гуфтаҳо ҳадафҳои Пан Пономаревҳои дигар наистода бошанд.

Муфассал дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

30 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *