Ошхӯру ошпаз
Чаро фазои иттилоотии мо дудолуд аст?
Вақте ки сухан дар мавриди ҳифзи фазои иттилоотӣ меравад, аксари мардум ТВ-ҳои Ӯзбекистон ва радиоҳои онро пеши назар меоранд ва гумон мекунанд, ки сухан дар бораи онҳо меравад. Аммо онҳо намедонанд, ки ин ҷо масъала танҳо сари манбаъҳои иттилоотии кишвари ҳамсоя нест. Барои он ки мафҳуми ҳифзи фазои иттилоотиро дуруст дарк намоем, бояд донем,ки худи он чист? Фазои иттилоотӣ дар луғатҳо ба таври гуногун шарҳ дода шудааст. Фазои иттилоотӣ, Information space (англисӣ) мафҳумест,ки бо истифода аз он шахс талаботи худро вобаста ба гирифтани маълумот оид ба ҳодисаю воқеаҳо ва ё маълумоти дигар қонеъ мегардонад. Яъне, агар одӣ карда гӯем, он дегест, ки аз он метавон хӯроки пешниҳодшударо барои худ ба табақ кашид. Аммо дар он дег чист, вобаста ба ошпаз аст. Ин ошпаз бошад, ҳамонест, ки ба мо чунин фазоро муҳайё мегардонад. Пас, ошпази маҷозии мо бо истифода аз маҳсулоти дар ихтиёри худ дошта метавонад барои мо хӯроки дӯстдоштаашро (новобаста ба талаботу ниёзмандии мо) пешниҳод намояд. Агар талабот ва хоҳиши ошхӯру ошпаз як бошанд, басо хуш аст, аммо агар онҳо гуногунанд, ошхӯр маҷбур мешавад, ки минбаъд вобаста ба хоҳиши ошпаз ба хӯроки пешниҳоднамудаи ӯ қаноат кунад ва бо мурури замон талаботашро тағйир диҳад. Айни замон фазои иттилоотии кишвари мо шабеҳи ҳамин ҳолат аст ва на ҳамеша табъи ошпазу ошхӯр бо ҳам мувофиқ меояд. Зеро фазои иттилоотиро бо он воситаҳои техникӣ ва имкониятҳое, ки дорад, дар Тоҷикистону Русия зери назорати худ гирифтааст ва ин ҷо касе гунаҳгор нест. Зеро чандин омлҳое ҳастанд, ки мо ихтиёран худамон чунин фазоро интихоб намудаем. Аввалан, омили забонӣ. Тоҷикон маъмулан баъд аз забони модарии худ бештар забони русиро медонанд, сониян, таърихан миллати мо бо ин кишвар алоқаманд буд ва айни замон низ ин вобастагӣ натанҳо вуҷуд дорад, балки бо мавҷудияти қисмати зиёди ҳамватанон дар ин кишвар бештар гардидааст. Баъдан, ҳам тоҷикон ва ҳам русҳо муддати қариб як аср дар як муҳити идеологӣ ва иқтисодию фарҳангӣ тарбия ёфта, сокинони Тоҷикистон аз дигарон дида, онҳоро ҳаёту ҷомеаи русиро бештар дарк мекунанд. Ва ниҳоят, иқтидори техникию имкониятҳои иттилоотии Русия имконият медиҳад, ки тоҷикон бештар рӯ ба махзанҳои иттилооти ин кишвар оранд. Аслан гирем, фазои иттилотии мо қариб, ки соф русӣ аст ва ҳар чӣ аз ҷониби худи тоҷикон муаррифӣ мешавад, нисбати он ҷараёни иттилотие, ки ба мо таҳмил мегардад, хеле ночиз аст. Имрӯз назорат кардани фазои иттилотӣ амалест бефоида. Зеро имкониятҳои техникии мавҷуда ба ин роҳ намедиҳанд. Ҳоло дар хонаи ҳар сокини кишвар ба қавли мардум “тарелка”(антеннаи моҳворавӣ) ҳаст, ки камаш 500-1000 канали хориҷиро нишон дода метавонад. Магар имкони садди роҳи чунин ҷараён шудан вуҷуд дорад? Албатта, не! Гузашта аз ин, сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ манбаи дигари иттилоот ҳастанд, ки зери назорат гирифтани онҳо низ таҳти суол қарор дорад. Ҳарчанд метавон онҳоро маҳдуд кард, (тавре ки борҳо чунин шуда буд), аммо ҳоло “қулфшиканҳое” ҳастанд, ки метавон ба осонӣ аз онҳо истифода бурд. Вақтҳои охир аз чунин шабакаҳо аз ҳама бештар террористони ДИИШ ва дигар душманони миллати тоҷик хуб истифода мебаранд. Чӣ бояд кард, ки фазои иттилоотиро тоҷикона кунем? Аз кадом восита истифода бояд бурд? Аввалан, ба андешаи мо, ягон амали техникиеро, ки садди роҳи “садои бегона” шавад, набояд ба кор бурд. Зеро ин сарфи беҳудаи маблағ ва вақт аст. Сониян, бо истифода аз ин маблағҳо бояд ба расонаҳои дохилӣ, ки ба манфиати давлату миллат кор мекунанд ва дар ташаккули афкори ҷомеа саҳмгузоранд, кумак расонд, то ки онҳо иттилоъи барои мардум зарурирӣ ва ба манфиати кишвар бударо бештару беҳтар паҳн кунанд. Сафи ТВ-ҳо ва радиоҳои дохилии хусусиро,ки ба фарҳанги миллӣ ва манфиати миллат такя мекунанд, бояд афзоиш дод. Ин амал ба оҳистагӣ ҳам бошад, мардумро бештар ба фарҳангу иттилоъи сирф тоҷикӣ майл мекунонад ё ақаллан имкони интихоби онҳоро бештар мекунад. Барои мисол, чанд сол пеш дар Истаравшан аксарият радиоҳои кутоҳмавҷи Ӯзбекистон ва ТВ-ҳои онро гуш мекарданду медиданд. Баъд аз он, ки дар ин ҷо радиои хусусии “АВИС” бо муҳтавои барои ҷавонони имрӯза ҷолиб сари кор омад, ҳоло шунавандагон ва аз ҳама бештар ронадагони ин минтақа танҳо ин радиоро гӯш мекунанд.
Чун айни замон ба ҷуз манбаъҳои давлатии иттилоотии тоҷикӣ ва русӣ имконияти интихоб нест, тоҷикони “забондон” бештар ба манбаъҳои русӣ рӯ меоранд ва табиист, ки нуқтаи назари ин расонаҳоро барояшон ҳақиқати бебаҳс мегардад. Ин бошад, барои як кишвари соҳибистиқлол хатар дорад. Фарз кардем, агар худое накарда, байни Русия ва Тоҷикистон баҳсе бархезад (тавре ки дар давраи боздошти лётчикҳои рус дар Қӯрғонтеппа шуда буд), онҳо метавонанд нуқтаи назари ҳукумати худро сари тоҷикон ба осонӣ таҳмил намоянд. Ҳоло тамоми мардуми олам бомбаборонкуниҳои мардуми осоиштаи як қисмати Сурияро аз ҷониби Русия маҳкум мекунанд ва ин масъала ҳатто дар СММ мавриди муҳокима қарор гирифтааст. Аммо ба назари тоҷикони русибин Русия дар он ҷо танҳо ба муқобили террористон меҷангад ва ин нуқтаи назар аз расонаҳои ин кишвар ҳамавақт талқин карда мешавад. Дар натиҷа, дар зеҳни тамошобин ва шунавандаи тоҷик чунин тасаввуроти барғалат пайдо мешавад. Ҳатто ТВ-ҳои тоҷикӣ низ танҳо такя ба манбаъҳои русӣ мекунанд ва нуқтаи назари олами дигар барояшон вуҷуд надорад. Чунин фазои дудолуди иттилоотӣ дар кишвар ҳаргиз ба манфиати миллат ва як давлати соҳибистиқлол нест.
А.АҲМАДЗОДА,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ