Ошиқи рашкин маъшуқаашро 12 корд зад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 24-солаи шаҳри Хуҷанд бо иттиҳоми куштор хабар медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод, дастгиршуда тахминан соати 02:00-и шаби 6 сентябр дар кӯчаи Навободи ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бадани маъшуқаи 26-солааш 12 корд мезанад. Торнамои ВКД навиштааст, ҷавон аз ҳиссиёти рашк бо маъшуқааш ҷанҷол карда ва ӯро корд задааст: “Дар натиҷа зани ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *