Оши палов дар дохили “Харбуза”

Дар ояндаи наздик Чойхонаи муҳташами миллии «Харбуза», воқеъ дар шаҳри Ҳисор ба маркази бузурги омода намудани оши палови тоҷикӣ табдил хоҳад шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Бояд гуффт, ки Чойхонаи миллӣ соли 2015 ба ифтихори ҷашни 3000 – солагии Ҳисор  дар масоҳати  4,7 гектар дар шакли харбуза бунёд гардида, баландиаш 43 метр, дарозиаш 100 метр ва бараш  55 метрро ташкил медиҳад. Ошхонаи мазкур аз намуди сохту бузурги  дар кишвар беназир буда, дар як вақт ба 2,5 ҳазор нафар меҳмон хизмат расонида метавонад.

Бино ба иттилои манбаъ, раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода дар ҷамъи намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ додааст, ки: «Бо мақсади  ташкили Маркази  омода намудани оши палови тоҷикӣ ният дорем беҳтарин ошпазҳои касбиро аз саросари ҷумҳурӣ ҷамъ намоем, то ба мизоҷон ва дигар меҳмонони хориҷӣ, ки ба шаҳри Ҳисор меоянд,  дар сатҳи баланд хизмат расонанд».

«Ин  иқдом дар доираи  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  роҳандозӣ гардида,  ҳадафаш муаррифии ҳар чӣ бештари  таомҳои миллӣ, хусусан оши палови тоҷикӣ ба сайёҳону меҳмонони дохилию хориҷӣ  мебошад»,- афзуд Шарифҷон Ҷумъазода.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *