«Оши паловда биё, бача!»
Санаи 30 октябр дар пойтахти Тоҷикистон ҷашнвораи деринтизор ва маҳбуби «Оши Палов» баргузор мешавад.
Ростӣ ин ҳам як истеъдод аст. Ҳанӯз соли 2006 бароям имконияте фароҳам омад, ки дар шаҳри Берлини Олмон дар фестивали умумиҷаҳонии ошхонаҳои дунё ширкат варзам. Он ҷо дидам, ки чигуна ҳар як ошпаз бо маҳорати хос ҳунари худро намоиш дода, барои тамошобинон хӯрокҳои миллии мардумии худашонро намоиш дода муроот менамуданд, то аз он хӯрокҳо чашида баҳогузорияшон кунанд.
Чандин намуди хӯрокҳои халқияту миллатҳои гуногунро дар ин фестивал дидам. Ва дидам, ки як марди покистонӣ танҳо аз тухми мурғ 30 намуд хӯрок омода кардааст.
Ва ҳамзамон то ба ҳол боварам намеояд, ки чигна як марди ҳинду андаруни як дег се намуд оши палов пухта буд, ки ҳар кадом бидуни омехташавӣ бо таъму лаззати хоси худ омода шуда буд. Ҳунару истеъдод на танҳо касро балки миллату кишварашро муаррифгар мешавад.
Ва ҳамон ошпази ҳинду дар он фестивал барандаи ҷоизаи асосӣ гардида, таъомаш беҳтарин дониста шуда буд. Аз ин рӯ доир намудани чунин ҷашнвораҳо як таккони хубе барои сайқали касбии пухту паз мегардад.
Дар Душанбе низ доир гардидани чунин як ҷашнворае бо номи “Оши палов” барои сайқали касбият ва ҳунарнамоии ошпазҳои моҳир мебошад. Иттилоъ медиҳад хабаргузории «Авесто» бо истинод ба ҳукумати шаҳр.
Ҷашнвораи мазкур, ки дар он даҳҳо ошпаз аз Тоҷикистон ва кишварҳои дигар аз бо тарзи гуногун оши палав мепазанд, рӯзи шанбеи 30 октябр баргузор мешавад.
Ҷашни мазкур дар ҳудуди муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ” баргузор шуда, даромадгоҳ барои меҳмонон ройгон аст.
Таъкид шудааст, ки ба ин ҷашнвора беҳтарин ошпазҳои Душанбе даъват карда шудаанд. Илова бар ин, дар ин чорабинӣ ширкаткунандагон аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва аз навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ширкат хоҳанд кард.
Дар ҷашнвораи мазкур на танҳо ошпазҳои беҳтарини тоҷик, балки ошпазҳо аз Ӯзбекистон, Афғонистон ва Русия низ имкон доранд ширкат варзанд.
Шаҳрдорӣ тавзеҳ дод, ки таомҳои омодашуда ба интернатҳои кӯдакона ва хонаҳои пиронсолон фиристода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки нахустин ҷашнвораи “Оши палав” соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд. Он замон дар ҷашнвора рекорди маҳаллӣ гузошта шуд. Дар деги азим қариб ҳазор кило оши палав пухта шуда буд.
Он замон оши палавро аз шаб то субҳ ҳафт ошпаз пухтанд. Барои он 250 кило биринҷ, бештар аз 300 килограмм сабзӣ, 200 кило гушт ва кариб 90 литр равган масраф шуд.
Ёдрас мешавем, ки аз соли 2016 Оши палави шарқӣ ба Феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ