Ошкор шудани 7001 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин

Бино ба иттилои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии кишвар, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 7001 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардидааст.

— Барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоргардида 6364 дастур дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 323 ҳолат зиёд мебошад,- меафзояд манбаъ.

Дар шарҳи масъалаи мазкур гуфта шуд, ки ба 6148 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 3065644 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул карда шудаанд, ки аз ин 2330799 сомонӣ ба суратҳисоби махсус ворид гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *