Ошкор шудани фаъолияти ғайриқоноатбашхи хоҷагиҳо дар Суғд
Дар рафти корбарӣ намудани Кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд нисбати хоҷагиҳое, ки фаъолияти ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ доранд, дар соли 2016 3924,5 гектар заминҳо мувофиқи шаҳру ноҳияҳои вилоят ба фонди махсуси замини шаҳру ноҳияҳо гузаронида шудаанд.
Аз ҷумла: Шаҳру ноҳияҳои Ашт 1325,11 гектар, Деваштич 53,0 гектар, Зафаробод 805,15 гектар, Истаравшан 48,55 гектар, Исфара 148,22 гектар, Конибодом 76,86 гектар, Мастчоҳ 790,11 гектар, Спитамен 330,31 гектар, Панҷакент 167,22 гектар ва Шаҳристон 179,97 гектар ба фонди махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо гузаронида шудааст.
Ба гуфти муовини аввали Кумитаи идораи замини вилояти Суғд Абдураҳмон Мавлонов аз тарафи мутахассисони кумитаи идораи замини шаҳру ноҳияҳо риоя накардани тартиби ҳифз ва истифодаи замин, вайронкунии қонунгузрии замин ба миқдори 40 адад ба майдони умумӣ 217,90 гектар қонуншиканӣ ошкор ва ба маблағи умумии 47400 сомонӣ ҷарима баста шудааст.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ