Ошкор шудани каронавирус дар вуҷуди тоҷикони аз Қазоқистону Ӯзбекистон баргашта

Дар 30 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сафи шахсони аз Қазоқистону Ӯзбекистон баргашта, аломатҳои  коронавирус ошкор шудааст. Дар ин бора “Азия-Плюс” дар такя ба манобаи худ аз бахши тандурусти хабар медиҳа.

Манбаъ хабар медиҳад, ки нафарони аз давлатҳои зикргарда, омадаро  дар беморхонаи вилоятии Суғд бистарӣ кардаанд ва айни замон зери назорати табибон қарор доранд.

Тавре манбаи “Азия-Плюс”  мегуяд:

“Қобили зикр аст, ки аломатҳои бемории COVID-19 дар онҳо ба мушоҳида намерасад. Худро хуб ҳис мекунанд, чизе ташвишашон намедиҳад, лекин натиҷаи ташхисашон мусбат аст. Ин мардони синни 30-36-сола мебошанд”, —

Дар ҳамин ҳол, зикр шуд, ки беморхонаи вилоятии Суғд ҷиҳати гузаштан ба реҷаи пешинаи фаъолият ва қабули муқаррарии беморон омодагӣ мегирифт ва дар шуъбаи эҳёгарии он ҳамагӣ 1 бемори COVID-19 боқӣ монда буд.

“Боқимонда 620 нафари баргашта, ки бо сироятёфтагон алоқа доштанд, дар беморхонаи Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов ва боз се беморхонаи дигари вилоятӣ зери муоина гирифта шуданд. Қариб 100-200 нафарашон аз тест гузашта, ин 30 нафар бемор ошкор шуданд. Аз дигарон ҳам ҳоло тест мегиранд. Дар ҳама ҳолат онҳо ба карантин гирифта мешаванд”, — қайд кард манбаъ.

Гуфтан ба маврид аст, ки рӯзи 20-уми июн 553 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо сабаби баста будани сарҳадҳо дар гузаргоҳи “Жибек Жоли”-и Қазоқистон қарор доштанд, ба ватан оварда шуданд. Боз зиёда аз 100 нафар ҳамватанонамон тариқи гузаргоҳи марзии “Фотеҳобод” аз Ӯзбекистон ба ватан баргардонида шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *