Ошкор шудани силсиладуздиҳо

Аз ҷониби кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Каримова Зайтуна Суфиевна, соли таввалудаш 1984, сокини кӯчаи Испечак-2, ш.Душанбе, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд. 

Номбурда, рӯзи 29-уми январи соли 2019 бо тариқи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии шаҳрванд, Ҷумъаева Рухшона Сатторовна, соли таввалудаш 1983, истиқоматкунандаи кӯчаи Фирдавсии пойтахт ворид шуда, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 10 ҳазору 450-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ба мақомоти корҳои дохилӣ Гадоева Фарангис Камолиддиновна, соли таввалудаш 1992, соҳибкор, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки санаи 9-уми феврали соли 2019, тахминан соати 16:00-дақиқа, ҳангоми дар бозори “Корвон” қарор доштанаш, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз кисаи палтоаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Ханон”, ки арзишаш 3200-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, шаҳрванд Самадов Субҳон Талҳомуддинович, соли таввалудаш 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Сарбанд, бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамчунин ба мақомоти корҳои дохилӣ шаҳрванд Шоев Шоҳрух Восифиевич, соли таввалудаш 1991, истиқоматкунандаи кӯчаи Сурхоби ш.Душанбе муроҷиат намудааст, ки рӯзи 31-уми октябри соли 2018 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ бо тариқи шикастани қулфи дари либосивазкунии Боғи ҳайвонот ба он ҷо ворид шуда, 2-адад дастгоҳи аксбардорӣ, ки маблағи умумиашон 8000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия Сангов Ширинҷон Маҳмадаминович, соли таввалудаш 1996, истиқоматкунандаи ноҳияи Ёвонро бо гумони дуздӣ дастгир намуданд.
Ҳамчунин ба мақомоти корҳои дохилӣ Собиров Фирӯз Файзуллоевич, соли таввалудаш 1993, соҳибкор, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор муроҷиат намудааст, ки рӯзи 16-уми феврали соли 2019 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили дукони моҳифурӯшӣ, воқеъ дар маҳаллаи 103-юм, кӯчаи Б.Ғафурови пойтахт 2500-сомонӣ пули нақдро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Каримова Зайтуна Суфиевна, соли таввалудаш 1984, истиқоматкунандаи кӯчаи Испечак-2, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамин тариқ, ба мақомоти корҳои дохилӣ аризаи шаҳрванд Ҳусейнов Шоҳрух Фаррухович, соли таваллудаш 1987, соҳибкор, сокини кӯчаи Муҳаммадиеви пойтахт ворид гардидааст, ки рӯзи 16-уми феврали соли 2019 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз маркази савдои “Тоҷикистон”, воқеъ дар кӯчаи Рӯдакӣ, 3-адад телефонҳои мобилии тамғаи “Самсунг Ҷ-1, Ҷ-3 ва Ҷ-6”, ки маблағи умумиашон 3650-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия Зиёев Абдувоҷиб Баҳодурович, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Рӯдакиро бо гумони дуздӣ дастгир намуданд.
Ҳамчунин ба мақомоти милитсия Дадабоев Абдураззоқ Абдураҳмонович, соли таваллудаш 1973, истиқоматкунандаи шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон, соҳибкор, муроҷиат намудааст, ки шаби 13 ба 14-уми феврали соли 2019 шахсони номаълум, бо роҳи пинҳонӣ вориди анборхонааш гардида, аз он ҷо 50-халта меваи хушки зардолу, ҷамъ ба маблағи 15000- сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия Маҷитзода Акмал Шокир, соли таваллудаш 1996 ва ду нафар ноболиғи 15-солаи сокинони ноҳияи Б.Ғафуров, бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *