Ошкори 4000 никоҳи қалбакии муҳоҷирон
Кормандони мақомоти прокуратура дар Русия соли равон зиёда аз 300 парвандаро бо далели бастани ақди никоҳи қалбакӣ бо занҳои рус аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ тафтиш намуда, барои моҳиятан баррасӣ кардан ба суд ирсол намудаанд.
Гуфта мешавад, аксари шахсоне, ки никоҳи қалбакӣ доранд, на бо мақсади бунёди оила, балки ба хотири қонунӣ гардонидани будубоши худ дар қаламрави Русия бо сокинони маҳаллӣ ақди никоҳ бастаанд. Танҳо дар 7 моҳи соли равон зиёда аз 100 ҳуҷҷати иҷозатномаи муввақатии зист дар Русия, ки дар заминаи бастани ақди никоҳ бо сокинони маҳаллӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ дода шуда буданд, бекор карда шудааст.
Намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Русия Ирина Волк дар шарҳи ин масъала гуфтааст, ки тайи 4 соли охир беш аз чор ҳазор ҳолатҳои бастани ақди никоҳи қалбакӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ошкор карда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ