Ошкори беш аз 10 ҳазор ҳолати нақзи қонунгузории замин

Дар робита ба нақзи қонунгузории замин аз аввали соли ҷорӣ беш аз 800 мавод ба мақомоти додситонӣ ҷиҳати чораҷӯӣ ирсол шудааст.

Дар ин хусус Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи маълумоти ин ниҳод, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 10 ҳазору 178 ҳолати нақзи қонунгузории замин ошкор шудааст.

Бояд гуфт, ки дар ин давра беш аз 9 ҳазор ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, 75 дарсади маблағи ҷарима ба суратҳисоби махсус ворид гардидааст.

Дар баробари ин, барои додани баҳои ҳуқуқӣ 849 мавод ба мақомоти додситонӣ ва 724 мавод барои ба таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *