Ошкори интиқоли ғайриқонунии беш аз 6 ҳазор қуттӣ сигор
Хадамоти гумрук интиқоли ғайриқонунии 6 ҳазору 490 қуттӣ маҳсулоти тамокуро, ки арзиши умумиашон 137 ҳазор сомониро ташкил медод, ошкор кардааст.
Дар ин бора 19-уми феврал ин ниҳод иттилоъ дода, навиштааст, ки аз мошини Х. С., сокини Душанбе 6 навъи тамоку, аз ҷумла 1990 қуттӣ навъи “Winston”, 500 қуттӣ “Parliament”, 400 қуттӣ “Тегеа”, 100 қуттӣ “Sobranie”, 500 қуттӣ “Marlboro” ва 3 ҳазор қуттӣ “Heets” дарёфт гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ