Ошкорсозии ғасби замин дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Дар се моҳи соли равон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 7 ҳолати ғасби худсаронаи замин ошкор шудааст. Дар ҳолати ғасби замин мавод ба прокуратура пешниҳод шуда, боқимонда сари вақт бартараф карда шудааст.
Маҳмадшариф Холзода, раиси Кумитаи идораи замин дар вилояти Хатлон дар суҳбат ба Pressa.tj гуфт, ки барои худсарона ғасб кардани замин сокинони қонуншикан беш аз 8 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима карда шуданд. Ӯ мегӯяд, ки майдони ғасби худсаронаи замин 17 гектарро ташкил мекард.
“Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар як ҳолат миқдори ками замини муассисаи таълимии рақами 43 аз ҷониби сокинон гирифта шуда буд, ки пурра баратаф кардем. Ду сол пеш ин масъала ҳал шуда буд. Камтар замини дигар монда буд ва баъди эрод гирифтани Роҳбари давлат дар масъалаи додани замини муассисаҳои таълимӣ ба сокинон, он дарҳол бартараф карда шуд”,- афзуд ӯ.
Ҳамчунин, барои ғайри таъиноти мақсаднок истифода бурдани замин чанде аз сокинон дар маҷмуъ 50 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шудаанд.
Феълан дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 17 ҳазору 74 гектар замини корам мавҷуд аст, ки аз ин беш аз 16 ҳазору 400 гектараш корами обӣ мебошад.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ